(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баҳодур Дадобоев «Ошпази беҳтарин» дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» дониста шуд

Дирӯз, 22 август, дар Боғи Дӯстии халқҳои пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» ҷамъбаст гардид.
Дар фестивал ошпазҳову ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, ҳунари ошпазии онҳо ба маърази намоиш гузошта шуд. Дар рафти фестивал асбобҳои оштайёркунии ҳунармандон аз қабили корд, кафгир, тахтача, дег, табақ, дастурхон ва ғайра намоиш дода шуда, ҳамчунин ба фурӯш гузошта шуданд.
Дар озмунҳои гуногуни ин Фестивали бонуфуз дар радифи дигар шахру нохияи кишвар иштирокчиён аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ширкат доштанд.
Дар даври ниҳоии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Оши палов". Номинатсияи "Ошпази беҳтарин"-ро Баҳодур  Дадобоев соҳиб гашт. Дар бахши "Дастони моҳир" Алишер Файзиев ва дар бахши «Рақси палав» Қобилҷон Бобоев дастболо гардида, соҳиби Дипломи дараҷаи I-ум ва мукофотҳои пулӣ гардиданд. Ҳамаи иштирокдорони ин тадбири ҷумҳуриявӣ бо Сипосномаҳо қадр шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Фестивал-озмун дар ду давра гузаронида шуд, ки даври ҷамъбастии ҷумҳуриявии он дирӯз доир гардид.