(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Марҳилаи навбатии лоихаҳо тибқи нақша оғоз меёбад.

Бо дастгирии бевоситаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд давоми чанд сол аст, ки лоиҳаи беҳтар намудани сифати обтаъминкунӣ ва фаъолияти идораи партовкашонии шаҳр амалӣ мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифтааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати кории бонки номбурда бо роҳбарии Бахтиёр Файзиев мулоқоти корӣ анҷом дод.
Қаблан ҳайати меҳмонон доири сатҳу сифати амалишавии лоиҳаҳо бо Раиси шаҳри Хуҷанд мубодилаи андеша намуданд.
Аз ҷониби меҳмонон доири сифати иҷроиши вазифаҳои дар марҳилаи дуюми таъминоти оби нӯшокӣ ва марҳилаи аввали лоиҳаи беҳтар намудани сифати хизматрасонии идораи партовкашонӣ изҳори қаноатмандӣ зоҳир гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бори дигар бобати омодагӣ ва дастгии ҳамҷонибаи мақомоти маҳаллӣ барои сари вакт ва бо сифат амалӣ гаштани лоиҳаҳои номбурда зикр намуд.
Ҷонибҳо  ҳамчунин ба мувофиқа расиданд,ки марҳилаҳои навбатии ин ду лоиҳа  дар мӯҳлатҳои пешбинӣ гашта оғоз хоҳад ёфт. 
Раҷаббой Аҳмадзода барои дар марҳилаи дуюми лоиҳаи беҳтар намудани сифати хизматрасонии идораи партовкашонӣ пешбинӣ гаштани коргоҳи хурди коркарди партови маишӣ ва ба нақша гирифтани сохтмони коргоҳи дигар барои коркарди фурӯзонакҳои каммасрафи корношоям изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд,ки роҳандозии ин коргоҳи хурд  имкон медиҳад партовҳои маишӣ бори дигар мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамзамон барои беҳтаргаштани вазъи муҳити зисти шахри Хуҷанд ва атрофи он мусоидати менамояд.
Ҳангоми мулоқот  масъалаи оғози лоиҳаи беҳтар намудани таъминоти нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ лар маркази  диққати ҷонибҳо буд.
Лозим ба ёдоварист,ки то имрӯз таҳлили дурнамо ва роҳу усулҳои иҷроиши ин лоиҳа аз ҷониби коршиносони чехӣ ба анҷом расида, маблағгузории қисми аввали лоиҳа ҳалли худро ёфтааст. Барои дарёфти қисми дуюми лоиҳа бошад чанде аз иниститутҳои молиявӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд ва гуфтушуниди бонк бо онҳо идома дорад. Ҳамзамон намояндагони Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо иттилоъ доданд,ки барои баррасӣ ва тасдиқи чанд намуди роҳу усули амалишавии лоихаи мазкур ба шаҳрдорӣ пешниҳод мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки маблағи умумии лоиҳаи беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби коршиносон 26 миллион доллари ИМА муқаррар гардидааст.
Дар мулоқот мувофиқа гардид,ки масъулини мақомоти маҳаллӣ ва ин ин институти молиявӣ барои таъмини бо сифати нақшаҳои пешбинигашта ҳамкориро вусъат хоҳанд дод.