(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҳафтаи поси хотир: Нимпайкараи Пӯлод ОтаевБо ҳадафи пос доштани хотираи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дорандаи се дараҷаи ордени «Шараф» Пӯлод Отаев дар саҳни Мактаби таҳсилоти миёнам умумии рақами 27-уми шаҳри Хуҷанд, ки номи ин родмарди Ватанро дорад, нимпайкараи П.Отаев гузошта шуд.

Ба ин хотир собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолони шаҳр, устодону шогирдони мактаб ҷамъ омада, ёде аз қаҳрамониҳои бобоёну падарони далеру ҷасур намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сароғоз сухан карда, дар бораи корнамоиҳои ҷангии Пӯлод Отаев нақл намуд. Зикр гардид, ки бо шарофати қаҳрамониву диловарии фарзандони ватандӯсту меҳанпарвар Ватани мо аз вартаи ҳалокат эмин монда. Вале, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорон нафар фиристодагони ҷумҳуриҳои шӯравиро ба коми худ фурӯ бурд. Насли имрӯзро зарур аст, ки номи неки онҳоро ҳамеша пос доранд ва ба шуҷоатмандиашон арҷ гузоранд.

Ҳафтаи поси хотир: Нимпайкараи Пӯлод Отаев

Баромадкунандагони дигар низ аз толибилмони мактаб, умуман наврасону ҷавонон даъват ба амал оварданд, то ворисони арзандаи бобоёни мубориз шуда, бо шоҳроҳи фарзандони обрӯманди диёр раванд.