(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи шашкаю шоҳмот байни нобиноён.Имрӯз дар чойхонаи «Сирдарё»-и маркази вилоят мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди шашкаи русӣ байни мардон ва ва занон ва шоҳмот байни мардҳо байни нобиноён, бахшида ба Соли Оила баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи  29 июли соли 2015, № 537 «Дар бораи ҷудо намудани маблағ барои гузаронидани мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашкаи русӣ ва шоҳмот байни нобиноён» доир гардида дар он 20 нафар аз ҷамъияти нобиноён иштирок намуданд.
Мусобиқа басо шавқовар гузашта кормандони Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд барои баргузории чорабинии мазкур тамоми шароитҳоро фароҳам оварданд. Аз рӯи натиҷаҳои ин мусобиқа ғолибон муайян карда шуданд. Чунон, ки доварон муқаррар намуданд дар мусобиқаи шашка байни занҳо ҷойҳои ифтихориро Салимова Лутфӣ, Мӯминова Марҳабо ва Ҷалилова Санавбар мутаносибан ишғол намуданд. Байни мардҳо бошад аз рӯи ин намуд Абдуғафур Алиев ба гирифтани ҷойи аввал Салимов Акрам ва Дӯсматов Дӯсмуҳаммад ба ҷойҳои дуюму сеюм сазовор дониста шуданд.
Сатторов Абдуҳамид бошад дар бозии шоҳмот ғолиби ин мусобиқа дониста шуда, ҷойи дуюмро Изатулло Ҷаҳонгиров ва ҷойи сеюмро Абдуҳаким Юнусов соҳиб гаштанд. Ба ҳамаи ғолибон Диплом ва мукофотҳои таъсиснамудани Раиси шаҳри Хуҷандро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Бурҳонзода Муродӣ супорида, онҳоро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода табрик намуд.