(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр баробари аёдат мушкилоти ниёзмандонро ҳал мекунадБа муносибати Иди саиди Фитр аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд, вакилони маҳаллӣ корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорон зиёда аз се ҳазор нафар шахсони бемор, яккаву танҳо нафарони камбизоат ва пирони рӯзгордидаю собиқадорони меҳнати шаҳр аёдат карда шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба аёдати якчанд нафар шахсони ниёзманд ва бемору танҳо рафта, онҳоро бо Иди саиди Фитр аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд табрик намуд.
Арафаи Иди Фитр шодии ду оилаи эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд,- оилаи Абдуллоевҳо ва Зумратовҳоро канор набуд.
Толиб Абдуллоев сокини шаҳри Хуҷанд буда дар муассисаи идораи нақлиёти санитарӣ фаъолият дорад. Номбурда беш аз 20 сол мешавад, ки иҷоранишин буда, ҳамроҳи ҳамсари бемораш се кӯдаки ноболиғро ба воя мерасонад. Шоир Зумратов низ давоми 18 сол бинобар танқисии манзили зисти худ, аз ҳавлии волидайнаш маҳрум мондааст. Бо фарзандон ва ҳамсараш имкони бунёди манзил надошта ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда буд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи роҳбарият ва кормандони Ширкати «Иморатсоз» ба ин ду оилаи эхтиёҷманд тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,- калиди хонаи нави дуҳуҷрагиро ба онҳо супорида бо фарорасии ид табрик намуд.
Баъдан Раҷаббой Аҳмадзода 10 оилаи ниёзмандро аёдат намуд. Ҳангоми аёдати оилаи аз рафти расондани кӯмаки мақомоти шаҳр барои сохтмону азнавсозии ҳавлии номбурда ошно гардид. То имрӯз барои корҳои сохтмонӣ масолеҳи зарурӣ оварда шуда, азнавсозии манзили зисти ин оила бояд дар рӯзҳои тачлили ҷащни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба итмом расад.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд баробари аёдат барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, табобати беморон, мусоидат барои таҳсили фарзадони онҳо дар мактаб ва муассисаҳли таълимии олӣ, таъмин ройгони фарзандони онҳо бо либоси мактабӣ ба роҳбарони шӯъбаҳои дахлдори мақомоти маҳаллӣ дастуру супоришҳо дод.
Ҳангоми аёдат ва мулоқот Рачаббой Ахмадзода зикр намуд, ки имрӯз давлату ҳукумат қодир аст барои тамоми ашхоси эҳтиёҷманд ва нодор кӯмак расонад.