(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд амалишавии лоиҳаи кам намудани талафоти барқ идома дорад.Дар маҳаллаи «Бофанда» дар доираи амалишавии лоиҳаи «Паст намудани талафоти неру дар вилояти Суғд" насби аввалин хисобченкунакҳои барқӣ оғоз гардид.
Мутахассисон ва кормандони идораи шаҳри Хуҷанд дар оғози ҳафта ба насби ҳисобченкунакҳои электронӣ дар хонаи истиқоматии № 14 насби аввалин ҳисобкунакҳои барқ гурӯъ гамуданд.
Дар баробари ин тибқи нақшаи лоиҳаи мазкур ивази ноқилҳо ва лавҳаи 0,4 кВ. низ ба нақша гирифта шудааст. Баъдан ба иҷро расондани корҳои насбу васл чунин амал дар хонаҳои №8, №6, №26,№ 10 ва № 16 пешбинӣ гашта, корҳои озмоиши системаи Биллинг ва EMI оғоз меёбад.  Умуман дар марҳилаи нахустин  гасби ҳисобченкунак 250 муштариро дар  бар  мегирад, Назар ба маълумоти мутахассисон баъди таҳлил ва натиҷагирӣ аз кору низоми хисобченкунакҳои барқӣ ва   системаи  Биллинг ва EMI лоиҳаи мазкур бо назардошти таҷрибаи дар ин минтақаи озмоишӣ ҳосилгашта, дар дигар қисматҳои шаҳр низ амалӣ карда мешавад. Ба кор даровардани низоми пурраи худкор (автоматики) пешбинӣ гардида он имкон медиҳад бо тарзи автомати баҳисобгирии барқ, танзими бори шабақаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, шаклҳои гуногуни қабули пардохт бе иштироки нозирон ва назоратчиён роҳандозӣ шавад.
Пеш аз насб намудани ҳисобгиракҳо системаи биллинги ба кор омода карда шуда, ҳар як ҳисобгираки насб кардашаванда ба системаи нав, пас аз пардохти пурраи қарз аз тарафи муштарӣ пайваст карда мешавад. Ҳисобгиракҳо дорои пломбаи электронӣ ва дафтари қайди ҳодиса ва руйдодҳо мебошад.
Мувофиқи лоиҳа 100 ҳазор ҳисобкунаки барқи иваз карда мешавад. Барои муштариёни саноати 220 дона нуқтаи баҳисобгирии қувваи барқ дар шиддати 6-10 кВ. насб карда мешавад. Дар 1369 трансформатор ҳисобкунакҳои барқии мувозинавӣ насб карда мешавад.