(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд  натиҷаи нимсола ҷамбаст гардид.Дар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамбастӣ доири фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар оғози кори ҷаласа ҳозиронро бо Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Прокурори шаҳри Хуҷанд таъин шудани Солеҳзода Арабшоҳ ошно намуда, ба номбурда барои фаъолияти пурсамар дар ин вазифа муваффақият хост.
Доири натиҷаҳои фаъолитяи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи маркази вилоят дар назди ҳозирон муовини Раисим шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов баромад намуд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов ба фаъолони дар толор ҳузурдошта аз натиҷа ва дастоварду вазъи имрӯзаи тамоми соҳаҳо маълумоти муфассал дода, изҳор намуд, ки имрӯз барои таъмини зиндагии мардум ва перафти кишвар саҳмси меҳнаткашони маркази вилоят назаррас аст. Аз ҷумл  қайд гардид, ки маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,2 миллион сомонӣ зиёд, ё 129,0 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он ба 294,2 миллион сомонӣ расид. Аз ин миқдор ба маблағи 49,3 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот гардида, шумораи умумии корхонаьои саноатц ба 162 адад расида, он нисбат ба ьамин давраи соли гузашта ба миқдори 69 адад зиёд шудааст.
Раиси шаҳр аз маърӯзачӣ вобаста ба сохтмони бинохои иҷтимоӣ бо истифода ва ҷалби сармояи бонкҳои тиҷоратӣ, сохтмони хобгоҳ, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ ва барқ, ҳамвор намудани замини барои заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудогашта дар маҳаллаи навбунёди шаҳр пурсиш намуда, супориш дод, ки дар нимсолаи дуюм чораҳои зикргардида бояд ба нақшаи кории сохторҳои марбута ворид карда шавад.
Ҳамчунин доири назорати муаллифии сохтмонии иншоот ва биноҳои сохташаванда, пешгирӣ намудани амалҳои қаллобӣ дар мавриди истифодаи замин дастур дод.
Мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдураҳим Солиев доири вазъи феълии соҳа баромад намуд.
Аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода қайд гардид, ки дар асоси таҳлилҳои имрӯза 33 корхона нақшаи истеҳсолиро таъмин карда натавониста 14  корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Шӯъбаи саноат ва энергетика нозироти андоз ва дигар воҳидҳои сохторӣ барои рафъи мушкилоти коргоҳхои аз фаъолиятмонда чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамзамон масъалагузорӣ гардид, ки агарчанде дар Хуҷанд 7 коргоҳи коркарди пахта фаъолият баранд ҳам то ҳол коргоҳхои дӯзандагии либоси варзишӣ аз нарасидани маҳсулоти хом танқисӣ мекашанд.
«Шаҳри Хуҷанд шаҳри саноатӣ аст. Таъминоти нақшаи солона ва рушди он яке аз ҳадафҳои асосии ҳамаи мо бояд шавад»- таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамчунин бобати фаъолияти корхонаи «Каабоол Тоҷик текстайлз», қайди омории корхонаҳои истеҳсолӣ, низоми андозсупории  онҳо ҳамчунин таъсиси корхонаҳои  истеҳсолӣ  бо назардошти омӯзиши талаботи бозор ва ғайра муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бо маърӯзачӣ муколама сурат гирифт. Муовини сардори Нозироти андози шаҳри Хуҷанд Сулҳия Алимова аз нишондиҳандаҳои ин ниҳод дар нимсолаи аввал маълумот дод.
Дар нимсолаи авали соли равон шумораи андозсупорандагон 9718 ададро ташкил дода ,ки аз ин шумора 2350 адади он шахсони ҳуқуқӣ буда, 2479 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷет 104,3 % иҷро гардид.
Ҳамчунин дар хамин давра 6 намуди андоз иҷро нагардид, ки аз ин ҳисоб 16286,0 сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд,ки барои таъмини даромади андоз, кам намудани бақияи қарзи андоз бояд соҳибкорон ҳавасманд бошанд. Дар ин самт сохторҳои мақмоти давлатӣ ва нозироти андоз нақшаи ҳамкории самаранокро таҳия ва амалӣ намоянд.
Мудири маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов аз натиҷаи соли хониши сипаригашта ҳисобот дод. Раиси шаҳри Хуҷанд  вазъи сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагонро мавриди таҳлил қарор дода, зикр намуд, ки новобаста аз дастовардҳо бояд ҳайати омӯзгорон барои истифодаи усулҳои нави таълиму тарбия, таҳияи корҳои тарбия бо хонандагони душвортарбия, то санаи 10 август омода намудани тамоми муассисаҳои таълимии ва томактабии шаҳр ба соли хониши нав ва мавсими зимистонгузаронӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар баромади худ мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳо Файзуллоҷон Мамадҷонов доири ҳамоҳангсозии кори маҳаллаҳо суханронӣ намуд. Раҷаббой Аҳмадзода бобати пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҷинояткорӣ, гаравидан ба гурӯҳхои ифротӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин Раиси шаҳр аз масъулини соҳаи тандурустӣ дар мавриди беҳтар намудани корҳои ободонӣ, таъмирни хизматрасонии тиббии ройгон ба шахсони яккаву танҳо, камбизоат, шахсони имконияташон маҳдуд, аз масъулини соҳаи танзими ҷашну маросим ва анъанаҳо ва кор бо дин дар бораи назорати қатъии қонунҳои амалкунанда пурсиш ба амал оварда барои иҷроиши нуктаҳои дар боло зикргардида дастур дод.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба ҳозирон аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни вилояти Суғд маълумоти мухтасар дод.
Дар интиҳо Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарони чанде аз  воҳидҳои сохтории шаҳр барои роҳ додан ба як қатор камбудиҳо дар фаъолтяти кориашон огоҳӣ ва танбеҳ эълон намуд.
Бо вазифагузории Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷаласаи фаъолони шаҳр ба кори худ анҷом дод.