(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаъолияти бахши манзил дар нимсолаи аввалДар давоми шаш моҳи соли 2015 ба бахши манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 2128 адад муроҷиатҳои (ариза) шаҳрвандон (аз он ҷумла 1650 адад барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ) ҷудо намудани манзили истиқоматӣ, ҷудо намудани ҳуҷра аз хобгоҳ, ба расмият даровардани шартномаи типпи кирояи манзил, гирифтани нусхаи ордерҳо, вобаста намудани ҳуҷраҳо ворид гардидааст. Инчунин 220 адад мактубу дархостҳо, аз идораву муассисаҳо, ташкилотҳо оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, манзили истиқоматӣ ва маълумотномаҳои идораи нотариалӣ оид ба гарав гузоштани ҳуҷраҳои истиқоматӣ ворид гардидааст.
Қайд намудан зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани шаффофият дар масоили бақайдгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманди беҳтар намудани шароити манзилӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Хуҷанд комиссияи манзилии назди мақомот фаъолият дорад. Комиссияи мазкур  иборат аз 15 нафар аъзо  буда,  бо қарори Раиси шаҳр аз 5 феврали соли 2015, таҳти №107 дар ҳайати нав таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон дар ин давра 5 маротиба ҷаласаи комиссияи манзилии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид, ки дар он 620 адад паравандаҳои шаҳрвандон баррасӣ гардид.
Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 535 нафар шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчун эҳтиёҷманд ба қайд гирифта шуданд.
Бо қарори комиссияи манзили бинобар мутобиқат накардан ба Кодекси манзил ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 адад аризаҳои шаҳрванд барои ба қайд гирифтан ҳамчун эҳтиёҷманд рад карда шуда ба 6 муроҷиат аз сабаби нопурра будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда маълумотҳои иловагӣ дархост шудааст.
Боқимонда 26 муроҷиат барои гирифтани нусхаи ордери манзили истиқоматӣ, шартномаи типии кирояи манзил мебошад.
То санаи 30 июни соли 2015 тибқи қарори комиссияи манзили назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 3843 нафар шаҳрвандон ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Барои тақсимоти ҳарчӣ зудтари қитъаҳои замин ба оилаҳои эҳтиёҷманд бо қарорҳои Раиси шаҳр ва хулосаҳои комиссияи ҷамъиятӣ ба 237 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд аз заминҳои навбунёди маҳаллаи 14, 15 ва 26-уми шаҳри Хуҷанд ба ҳар оила ба масоҳати 600,0 м2 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Инчунин бо қарорҳои Раиси ноҳия ба 750 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд аз шаҳраки навбунёди «Сайҳун» қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 600,0 м2 ҷудо карда шудааст.