(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд иҷроиши амри либоси ягонаро санҷид.Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ Амри Раиси шаҳри Хуҷанд ба имзо расидааст, ки тибқи тамоми фурӯшандагони бозорҳои шаҳр ва марказҳои савдо ба харидорон бо либоси ягона хизмат меарсонанд.
Нимаи дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳолати таъмин ва иҷроиши ин амр ба якчанд бозорҳои щаҳр омад, ки дар мавзеи Панҷшанбе ҷойгиранд.
Боздиди корӣ аз бозорҳои «Афросиёб» ва «Нури ҳидоят» шурӯъ шуд. Дар бозорҳои мазкур фурӯшандагон бо либоси ягонаи муқаррар намудаи худ ба мизоҷон хизмат расонда, ба Раиси шаҳри Хуҷанд иброз назар намуданд, ки ин либос барои онҳо аз ҷониби маъмурияти бозор ройгон пешниҳод шаштааст. Тарҳи либос аз матои пахта буда, шинам, қулай дӯхта шудааст. Либос ҳамчунин бо газардошти кори ҳамарӯза ва иқлими маҳал омода шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарони дигар бозорҳо ин тарзи дибос ва намуди онро тавсия дода таъкид намуд, ки либоси ягона ин пеш аз ҳама ба маърифати баланди хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин дибоси ягонаи бозори «Нури ҳидоят»-ро намоиш доданд. Барои беҳтар шудани тарҳи он аз ҷониби масъулини мақомоти маҳаллӣ изҳори андеша намуданд.
Дар мавриди шиносоӣ аз вазъи хизматрасонии ва иҷроиши амри номбурда дар бозори марказии фурӯщи маҳсулоти кишоварзии Панҷшанбе Раҷаббой Аҳмадзода нисбати фаъолияти роҳбарияти бозори мазкур изҳори нигаронӣ намуд. Тартиби ҷойгиршавии фурӯшандаҳои бозор, риояи ҳолати тозагӣ, сатҳи таъмини фурӯшандаҳо бо либоси ягона аз ҷумлаи эродҳое буданд, ки Раиси шаҳри Хуҷанд барои рафъи онҳо як ҳафта мӯхлат дод. Ҳамчунин барои беҳтар намудани маданияти хизматрасонии фурӯшандаҳо таъкид гардид, ки маҳсулоти кишоварзии дар бозор буда, бояд бо назардошти гармии ҳаво дар шароити мувофиқ ва дар ҷойҳои аз офтоб эмин буда ба фурӯш гузошта шаванд.
Ба роҳбарияти бозорҳо бобати танзим ва назорати ҳатмии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввала, ташкили нуқтаи тиббӣ барои сари вақт расондани кӯмаки тиббӣ ба щахсони бемор ё аз гармӣ зарардида ва нақлиёти сӯхторнишонӣ супориш дод. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки тариқи радиоузели худи бозор ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати эҳтиёт шудан аз офтобзанӣ, худдорӣ намудан аз кӯча баромадан дар соатҳои қиёми офтобу гармӣ чораҳои мушаххас андешанд.