(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Комбинати консервабарории Хуҷанд дубора эҳё мешавад.

Фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба хусус  коргоҳхои саноатӣ зери таваҷҷӯҳи ҳукумату давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Пӯшида нест, ки барои фаъолияти бомароми онҳо  таъмини ашёи хом заминаи асосӣ маҳсуб меёбад. Дар кишвари мо маҳсулоти хуштамъу бо сифати полезию мевагӣ фаровон буда, он чун яке аз маҳсулоти стратегии бозори дохили ва содиротӣ низ мебошад.
Бо иқдоми Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баъди таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ таъмини бозорро бо тамоми маҳсулоти кишоварзӣ беҳтар гардид. Дар ҳамин замина аҳамияти нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар боз ҳам бештар мегардад.
Ин нуқтаҳо дар мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ бо вазъи феълии ҶСК «Комбинати консервабарории Хуҷанд» ва роҳбарияти он баён гардид. Комбинати консервабарории маркази  вилоят яке аз коргоҳҳои азими даврони шӯравӣ маҳсуб ёфта маҳсулоти босифати он дар паҳнои малакати шӯравӣ маъруф буд.
Баъди иваз намудани шакли моликият бинобар муфлисшавӣ аз фаъолият бозмонда истеҳсоли маҳсулот қатъ гардида буд.
Давоми ду моҳи охир роҳбарияти нави ҶСК «Комбинати консервабарории шаҳри Хуҷанд» барои таҷдиду азгавсозӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи мазкур ҷаҳду талош дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои барқарорсозӣ ва роҳандозии истеҳсоли дубора дар корхонаи мазкур бевосита ошно гардид.
Чуноне, ки ба Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбарияти коргох иттилоъ лод, ҳоло дар корхона хатти истеҳсоли хамираи помидор ва маҳсулоти консервагӣ аз намуди меваи полезӣ ба роҳ монда шудааст.
Теъдоди коргарон бошад 30 нафар буда, дар як баст фаъолият  доранд. Барои беҳтару бештар намудани истеҳсоли маҳсулоти номбурда то имрӯз хатии нави истеҳсоли маҳсулот харидорӣ ва насб карда шудааст. Хатти истеҳсолии мазкур имкон дорад то 200 тонна маҳсулотро дар якшабонарӯз аз коркарди хушсифат барорад. Дар баробари ин ин навоварӣ имкон медиҳад,ки минбаъд меваҳои ангур, себ, биҳӣ, шафтолу ва тамоми намуди меваҳои полезӣ коркард шуда барои харидорони ватанию хориҷӣ пешниҳод шардад. Ҳоло бо деҳқонони ҷамоати «Зарзамин»-и ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Исфара шартнома ба имзо расидааст,ки барои афзун намудани истеҳсолот ва зиёд гамудани теъдоди коргарон мусоидат менамояд.
Раиси шаҳр баъди шиносоӣ бо ҳолати кунунии корхона ба роҳбарияти он супориш дод, ки онҳо дар соли ҷорӣ бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро то се миллион қутти шартӣ дар моҳ бароранд. Дар баробари ин дастур дода шуд, ки ба гароити меҳнат, риояи қоидаи техникаи бехатарӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.