(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Қайд намудани Рӯзи шахсони имконияташон маҳдуд ҳамсола, санаи  8 июл, далели эътибори махсуси Ҳукумати мамлакат ва Президенти кишварамон, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати чунин инсонҳост, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд, рӯҳафтода намешаванд ва ҳамеша сарбаланданд. Мо ҳамеша шукронаи Истиқлолият, Ваҳдат мекунем, ки мардуми хушиқболу некбахти кишварамон дар фазои орому осуда зиндагӣ карда, бо меҳнати созандаю бунёдкорона сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Шахсони имконияташон маҳдуд дар  шаҳри Хуҷанд бо дастгирии моддию маънавӣ фарогирифта шуда, ҳамеша таҳти назари мақомоти маҳаллӣ  қарор доранд. Аёдати пирону барҷомондагон, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои шаҳидони ҷанг, ятимону ашхоси яккаву танҳо ва бесаробон, ҳамчунин парастории куҳансолони Хонаи пиронсолон, толибилмони муассисаҳои таълимию томактабии махсус аз ҳадафҳои асосии Ҳукумату давлат маҳсуб мешавад.
Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ашхоси имконияташон маҳдуд, бахусус пиронсолону маъюбон дарди рӯзгорро ҳарчӣ камтар эҳсос кунанд, худро доимо дар паноҳи давлату Ҳукумат ва ҷамъият бинанд.
Сухани эътимод бахшу рӯҳбаландкунандаи Cарвари дақиқназари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - "Ман намегузорам, ки ягон нафари Шумо хору зор шавед" бо маънои томаш ифодаи мақсаду мароми давлату Ҳукумати мамлакат, сиёсати инсонпарваронаи роҳбари дурандеши кишварамон аст.
Хоҳони онам, ки ҳамеша болидарӯҳу шукргузори айёми истиқлол, солиму бардам бошед.
Шумоён ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи давлатқарор доред, азизон!

Раиси шаҳр                                                         Раҷаббой Аҳмадзода