(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ба оилаи ниёзманд кӯмак расонд

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати моҳи шарифи рамазон ва рӯзи маъюбон истиқоматкунандагони маҳаллаи Тиллокон хонаи 11, ҳуҷраи 149-и шаҳри Хуҷанд Шодимаҳмад Одинаев ва ҳамсари ӯ Оимнисо Бобоева, ки ҳарду маъюби гурӯҳи 1 мебошанд, аёдат намуд. Зикр гардид, ки маъюбону пиронсолон ҳамеша дар мадди назари Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлату ҳукумат пайваста нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунад. Шодимаҳмад Одинаев барои чунин таваҷҷӯҳ ба Президенти мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, баён дошт, ки дар натиҷаи пешгирифтани сиёсати ғамхоронаи роҳбари давлат маъюбону барҷомондагон дар шаҳри Хуҷанд ҳамеша аз дастгирӣ  бархурдор ҳастанд. Лозим ба қайд аст, ки Шодимаҳмад Одинаеви 61 сола Оимнисо Бобоеваи 55 сола ҳарду нобино буда, ҳамроҳи ду фарзанд ва наберагон дар маҷмӯъ 8 нафар дар хонае, ки аз 2 ҳуҷра иборат аст, зиндагонӣ мекунанд. Зимни аёдат маълум гашт, ки хонаи истиқоматии ин шахсони барҷомонда ба таъмир ниёз дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд баробари расонидани кӯмаки моддӣ иборат аз маводи ғизо ҳамчунин масъулин дастур дод, ки дар давоми як ҳафта хонаи мазкурро аз таъмири хушсифат бароранд. Дар ин раванд бояд зикр дошт, ки бинобар ба манзили зист эҳтиёҷ доштанаи Шодимаҳмад Одинаев то охири соли равон  онҳо бо хонаи нави истиқоматӣ, таъмин хоҳанд шуд. Дар навбати худ Шодимаҳмад Одинаев барои чунин иқдом миннатдории худро баён дошта, баён дошт, ки чунин ғамхориҳо нисбати маъюбон танҳо дар натиҷаи эътибори хосса зоҳир намудани роҳбари давлат нисбати шахсони барҷомонда мавриди амал қорор дода мешавад.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки ба муносибати Рӯзи шахсони имконияташон маҳдуд, санаи 8 июл таҷлил мешавад тамоми шахсони маюб адат карда шуда, ба онҳо кӯмаки яквақтинаи моддӣ иборат аз маводи ғизо дастрас карда шавад.