(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имтиҳони довталабон дар марказҳои тести Хуҷанд идома дорад.

Дар шахри Хучанд чун дар тамоми қаламрави кишвар довталабон барои дохил шудан ба муассисахои таълимии олӣ ва миёнаи махсус  супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ тариқи тестӣ оғоз ёфтааст.
Дар маркази вилоят низ 6 маркази миллии тестӣ дар мактабҳои шаҳр фаъол хастанд. Ҳоло дар гимназияи №4, 24 мактабьои 5,16,19,23 масъулини маркази миллии тестӣ ва омӯзгорони муассисаҳои номбурда барои дар сатҳи баланд доири гаштани имтиҳон тамоми шароитҳоро муҳайё намудаанд. Бо мақсади фаъолияти мукаммали ҳайати кории комиссияи қабул тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода 60 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки он барои муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳои макотиби номбурда бо курсию мизҳои иловагӣ ва камераҳои мушоҳидавӣ масраф гардид. Дар мактабҳо то 30 синфхона омода гаштааст, ки дар ҳар як синф 15 нафари довталабон аллакай имтиҳонсупориро оғоз карданд. Дар марказҳои мазкур  имкон ҳаст то 300 нафар ба қайд гирифта шуда, вобаста ба талаботи мавҷуда дониши худро месанҷанд.
Вақти имтиҳонсупорӣ аз соати 09.00 то 12 -00 муқаррар гардида, натиҷаҳои ниҳоии он 25-уми июл муаяйн карда мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд 11 марказҳои миллии тестӣ амал мекунад, ки он дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Истаравшан ва Панчакент карор доранд. Дар ин марказҳо то имруз 2942 нафар имтиҳони давлатӣ супориданд.
Мувофиқи иттилои Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон имсол дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар беш аз 11 ҳазору 113 нафар довталабон ба қайд гирифта шудаанд. Дар Ҷумхурии Тоҷикистон  бошад, шумораи марказҳои миллӣ дар 15 шаҳру ноҳияҳо 41 ададро ташкил медиҳад.