(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳамкории соҳибкорони шаҳрҳои Хуҷанд ва Могилев  густариш меёбадҲангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Белорус моҳи майи соли гузашта, шаҳрҳои Могилёви Ҷумҳурии Белорус ва Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам созишномаи бародаршаҳрӣ ба имзо расонда буданд.
Дар доираи ин ҳуҷчати муҳим Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо даъвати шаҳрдории Могилёв ҷиҳати иштирок дар таҷлили «Рӯзи шаҳри Могилёв» ба ин кишвар сафари корӣ дошт.
Раиси шаҳри Хуҷанд баробари иштирок дар чорабиниҳои идона бо фаъолияти чанде аз корхонаҳои гуногунсоҳаи ин шаҳр ошно гашта, чанд лоихаи судманди ҳамкориро пешниҳод намуд.
Аз ҷумла дар сӯҳбати мизи мудавваре, ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Могилёв Владимир Цумарев ва доираи соҳибкорони муваффақи ин шаҳр баргузор гардид, дурнамои ҳамкорӣ, имкониятҳои мавҷудаи Хуҷанду Могилёв мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқа гардид, ки дар шахри Хуҷанд намоиши  лифтҳои гуногунҳаҷму гуногуннамуд барои иншоот ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ баргузор намуда, таъмину таҷдиди лифтҳои биноҳои маркази вилоятро бо лифтҳои коргоҳи «Могилёвлифтмаш» ба роҳ монанд. Ҳамзамон ташкили намояндагии ин коргоҳ дар шаҳри Хуҷанд, омода намудани мутахассисони маҳаллӣ барои таъмиру хизматрасонии ин намуди лифт чун дурнамои ҳамкорӣ дар ин самт зикр гардид.
Ҳамчунин ташкили корхонаи муштарак,  мубодилаи таҷриба бо ширкати «ҶДММ Фортуна-Ко»-и шаҳри Хуҷанд ва ба роҳ мондани маҳсулоти Ширкати «Могилевдрев» дар маркази вилоят дар ин мулоқот, яке аз мавзӯҳои калидӣ буд.
Соҳибкорони белорус ҳавасмандии худро барои ташкили мағозаи махсуси фурӯши маҳсулоти нонӣ ва қаннодии ширкати «ДОМОЧАЙ» изхор намуда, тасмим гирифтанд, баъди омӯзиши бозори талаботи ин намуди маҳсулот лоиҳаи ҳамкории муштаракро пешниҳод намоянд.
Дар интиҳои мизи мудаввар чун натиҷаи мулоқот байни Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Могилев санади тафоҳум ба имзо расонда шуд.