(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонони Бадахшон меҳмони оилаҳои хуҷандиён гаштанд.Бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни ҷавонони минтақаҳои гуногуни мамлакат гурӯҳи 20 нафараи ҷавонони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ба маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд омаданд.
Меҳмононро масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр дар майдони Театри мазҳака-мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ бо тантана ва самимият истиқбол намуданд.
Яке аз қисматҳои муҳими ин сафар аз он иборат буд, ки ҷавонони бадахшонӣ дар оилаи ҳамсолони худ давоми ду рӯз зиндагӣ намуда ҳамзамон баробари меҳмон шудан, бо зиндагонӣ, шароит ва урфу анъанаҳои ҷавонони Хуҷанд шинос шуданд.
Тибқи барномаи сафар ҳамчунин мизбонон  ба меҳмонони худ «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд», музеи таърихӣ кишваршиносӣ ва дигар мавзеҳои фарҳангию фароғатии маркази вилоятро намоиш доданд. Ба меҳмонон намоиши ҳунарҳои миллӣ аз қабили сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва таври пухтани «Оши палав» ва «Самбӯсаи миллӣ» писанд омад.
Рузи гузашта ҷавонон  бо таасуроти нек ба манзили худ баргаштанд.