(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сайругашти оммавии идона дар мавзеҳои фароғатӣ.Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 18 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар марказу боғҳои фароғатӣ ва мавзеҳои оммавии шаҳр чорабиниҳои идона доир гашт.
Чунин як чорабинӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и маркази вилоят низ доир гардид.
Шоми ин рӯз ҷойи дӯстоштаи сокинони вилояти Суғд-«Наврӯзгоҳ» намуди идона дошта, сокинон бо руҳияи идона ба идҷой меомаданд.
Барои хушу хотирмон гузаштани ин рӯз ба сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шуда буд. Мавзеҳои махсуси бозии кӯдакон ва шуғли калонсолон, қаҳвахонаҳои сайёр ба мардум омодаи хизматрасонӣ буданд.
Ба ҳозирон ҳамчунин барномаи адабӣ-фарҳангӣ аз ҷониби Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пешкаш карда шуд. Дар консерт ҳунармандони ҷавон ва бо истеъдоди шаҳри Хуҷанд Олим Маҳмудов, Маҳками Баҳриддин, Рустам Макимов баромад намуда, ба ин чорабинии идонаи Ваҳдати миллӣ рангу мазмуни хоса бахшиданд.