(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳашари сокинон дар якҷоягӣ бо роҳсозони шаҳр.Аз субҳи имрӯз сокинони кӯчаҳои Урунбой Дадобоев ва Мурод Тоҷибоеви маҳаллаи «Чорчароғ»-и маркази вилоят бо ҳамроҳи идораи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд ба ҳашар баромада кӯчаи худро тахту ҳамвор намуда барои мумфаршкунӣ омода менамоянд. Дар баробари воситаҳои техники роҳсозӣ, хуоду калони ин маҳал якдилона ба ҳашар баромада, ба роҳсозон дар ин кори нек кӯмак мерасонанд.
Аз оғози сол то имрӯз бошандагони кӯчаҳои номбурда ҷӯйбори обравро омода намуда, хатти оби нӯшокиро низ пурра аз намуданд. Баъди ба анҷом расидани ин корҳо онҳо бо ташаббуси мумфаршкунии кӯчаи худ ва дар он саҳм гирифтан ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баромад намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ин ташаббуси мардумро дастгирӣ намуда, ба идораи рохсозии шаҳр супориш дод,ки он то интиҳои моҳи июн кӯчаҳои зикргардида аз таъмири пурраи бо сифат бароварда шавад. Сокинону роҳсозон ният доранд, давоми се рӯзи минбаъда кӯчаҳои мазкурро пурра мумфарш намуда, роҳгардии сокинону бошандагони маҳалларо осон намоянд.
Масофаи кӯчаи мумфаршмешуда 370 метр буда, дар умум ба кӯчаҳои Урунбой Дадобоев ва Мурод Тоҷибоев се ҳазор метрии мукааб асфалти гарми босифат хобонда мешавад.