(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи Ваҳдат дар Хуҷанд.Бегоҳии рӯзи гузашта дар майдони Театри давлатии мазхака-мусиқии ба номи Камоли Ҳуҷандӣ Иди Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу мутантан таҷлил гардид.
Дар қисмати ифтитоҳӣ дар назди ҳозирон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ бо суханони табрикӣ баромад намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми мардуми Хуҷанд ва иштирокдорони ин чорабиниро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, доири аҳамияти ин санаи таърихӣ аз ҷумла қайд намуд:
«Ин санаи тақдирсозе аст, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофарин ва ощози созандагиҳои бузург мебошад. Дар ин рӯзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Боиси қаноат-мандӣ ва ифтихор аст, ки сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст. Ба тасвиб расидани ин ҳуҷҷати ваҳдатофарин барои мо тоҷикис-тониён сулҳи бунёдкорро армущон оварда, барои вусъати беназири раванди созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ такони бузург бахшид.
Ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо истиқлолияти комил ва ваҳдати пойдор ба кӯи мурод расонидааст.
Маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқасос ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Давоми 18 сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Модар – Ватан ва таъмини некӯаҳволию осоиш камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту раҳнамоии меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ карда истодаанд»
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилоят  Каримзода Осим Қосимӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд.
Барномаи адабӣ-фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати вилояти Суғд ба ин ҷашн шаҳомати хоса бахшид.
Лозим ба ёдоварист, ки дар тантанаи мазкур Сафири фавқулодда  ва Мухтори Ҷумҳурии Белорусҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олҳга Гаврук ва соҳибкорони Ҷумҳурии Белорусҳ иштирок доштанд.