(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фурӯшандаҳои маркази савдо пӯшидани либоси ягонаро дастгирӣ менамоянд.Дар асоси амри Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода фурӯшандагони марказҳои савдо ва бозорҳои маркази вилоят бо либоси тавсиявии ягона ба кор машғул мешаванд. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкорон дастгирӣ ёфта, онҳо ҷорӣ шудани чунин тартиботро ба манфиати кор арзёбӣ менамоянд. Зеро ба гуфти худи соҳибкорон пӯшидани чунин либоси ягона агар аз як ҷониб симои ҳар як фурушандаро зебо намояд аз ҷониби дигар сатҳи баланди хизматрасониро ба сокинон таъмин хоҳад кард
Тадбири мазкур аллакай дар қисме аз марказҳои савдои мавзеи Панчшанбе роҳандозӣ гардида, масъулин азм доранд чунин тартибро барои ҳамаи соҳибкорон ҷорӣ намоянд.
Айни замон фурӯшандагони маркази савдои «Бадри мунир», ки ба харидорон махсулоти ширию гӯштӣ пешниҳод менамоянд, ба мизоҷон бо либоси ягонаи шинам хизмат мерасонанд.
То имрӯз дар марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳр 500 нафар фурӯшандагон бо либоси ягона таъмин гашта, то интиҳои ҳафтаи охир ин шумора ба 1000 нафар расонида мешавад. Ин ракамхо натичахои нихои набуда, бахри пурра таъмин намудани фурушандагон бо либосхои ягона чорахои мушаххас андешида мешавад.
Чунин тартиби хуб метавонад ҳамзамон барои риоя намудани талаботи сантирӣ ва хизматрасонии хубу босифат ба сокинон мусоидат намояд.