(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)


Таъмири роҳ дар кӯчаи «Шӯро» оғоз ёфт.Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои маркази вилоят Хуҷанд мумфаршкунии пурраи кӯчаи «Шӯро» оғоз ёфт. Дар ифтитоҳи корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии кӯчаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Масофаи умумии корҳои таъмир дар ин маҳалла 160 метр буда, корҳои тахту ҳамвор ва асфалтхобонии роҳи мазкур ба зиммаи идораи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд вогузор шудааст.
Сокинони маҳал ҳангоми мулоқот бо Раиси шаҳри Хуҷанд иброз намуданд, ки маҳз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хатти оби нӯшокӣ ва барқтаъминкунӣ пурра нав шудааст,

ки он имкон медиҳад дар кӯчаи мазкур минбаъд кӯчаи асфалтпӯшшуда вайрон нашавад. Барои ин сокинон ба Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуданд.
Роҳсозон ният доранд корҳои асфалтхобониро дар ин кӯча то интиҳои ҳафта ба анҷом расонанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолони маҳалла даъват намуд, ки барои таъмири кӯчаи Чуқурак низ пешниҳод омода намоянд ва тариқи ҳашар дар якҷоягӣ бо идораи роҳсозии шаҳр ин кӯчаро низ аз таъмир бароранд. Кӯчаи Чуқурак давоми 30 соли охир рӯи таъмирро надидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки аз 57,1 км роҳи ба нақша гирифташуда то имрӯз наздик 40 км роҳ аз таъмир бароварда шудааст.