(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таътили кӯдакон дар «Парвоз» оғоз ёфт.

Барои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд мавсими таътил фаро расид.
Барои хубу хотирмон гузаштани мавсими таътили мактабиён дар истроҳатгоҳи «Парвоз»-и идораи маорифи шаҳри Хуҷанд қабул барои басти якуми кӯдакону наврасон шурӯъ гардид. Дар ин баст 174 нафар кӯдакону наврасони ятим, нимятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманд   истроҳат хоҳанд кард.
Дар расми кушоди мавсими таътили хонандагон дар истроҳатгоҳи «Парвоз» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ иштирок намуда таманниёти неки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзодаро ба тамоми хонандагон ва ҳайати омӯзгорону мураббиён расонд. Дар назди ҳозирон истироҳаткунандагон бо барномаи рангини адабӣ-мусиқӣ баромад намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ду басти таътил ва истроҳату машғулияти хонандагони макотиби шаҳр бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ташкил карда мешавад.
Дар басти дуюм, ки он аз санаи 3 июл оғоз меёбад хонандагони лаёқатманд, ғолибони озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва ҳунарӣ, аъзоёни академияи хурди фанҳо истроҳат хоҳанд кард.
Дар басти сеюм бошад тамоми хоҳишмандон-толибилмони маркази вилоят бо роҳхат имкон доранд истироҳат намоянд.
Барномаи истироҳатии наврасон ҳамарӯза аз машқҳои варзишӣ, машғулият дар маҳфилҳои гуногун бозиҳои маърифатӣ ва ғайра мураттаб гаштааст.
Омӯзгорону мураббиёни истироҳатгоҳ тариқи озмун интихоб шуда, ҳар кадоми онҳо дорои таҷрибаю малакаи хуби кор бо кӯдакону наврасонро доранд.