(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҳисобченкунакҳои барқии сокинон электронӣ мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд бо дастгири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Сармоягузории Аврупо ва Комиссия Аврупо лоиҳаи “Паст намудани талафоти неру дар вилояти Суғд” амалӣ мегардад.
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъӣ имрӯзаи амалишавии лоиҳаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Ахмадзода роҳбарияти Идораи “Барқи Тоҷик” дар шахри Хуҷанд ва ҳайати кории лоиҳаро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, дар оғози лоиҳа, қарордод ба хизматрасонии мушовири вобаста ба тайёр намудани лоиҳаи техники ва ёрӣ дар татбиқи лоиҳа бо Ширкати "Fichtner Gmbh and Co. KG" баста шуд. Аз тарафи гуруҳи татбиқи лоиҳа дар ҳамкорӣ бо мушовир ва мутахасисони шабақаҳои барқи, пеш аз тайёр намудани маводҳои тендерӣ, ташхиси шабақаҳои барқӣ гузаронида, сабабҳои паст будани шиддат дар таҷҳизотҳои барқии муйян карда шуд.

Вобаста ба хулосаҳои дар натиҷаи ташхис бароварда шуда, таҷдиди қисмате аз шабақаҳои барқи ба нақша гирифта шуд, ки он иваз намудани як қисми хатҳои ҳавоӣ ва зеризамини интиқоли барқ, сохтмони як зеристгоҳи барқии  Ваҳдат ("Нагорная") бо иқтидори 110/10 кВ. бо ду трансформатори 16,0 ҳазор кВа. ва якчанд зеристигоҳи трансформаториро дар назар дорад.
Инчунин тибқи лоиҳаи мазкур 1405 дона ё худ 80% сутунҳои барқии чубӣ  ба сутунҳои бетонӣ  дар шаҳри Хуҷанд   иваз карда мешаванд.
Лоиҳаи мазкур аз 2 қисм иборат буда, қисми аввал таҳвил ва насби ҳисобгиракҳо, таҷҳизотҳои системаи гирифтани нишондоди ҳисобгиракҳо, системаи биллинг барои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ва қисми дуюм бошад таҷдиди шабақаҳои барқии баландшиддати   маркази вилоятро дар бар мегирад.
Дар ҳамин замина ба кор даровардани низоми пурраи худкор (автоматики) пешбинӣ гардида он имкон медиҳад бо тарзи автомати баҳисобгирии барқ, танзими бори шабақаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, шаклҳои гуногуни қабули пардохт бе иштироки нозирон ва назоратчиён роҳандозӣ шавад.
Пеш аз насб намудани ҳисобгиракҳо системаи биллинги ба кор омода карда шуда, ҳар як ҳисобгираки насб кардашаванда ба системаи нав, пас аз пардохти пурраи қарз аз тарафи муштарӣ пайваст карда мешавад. Ҳисобгиракҳо дорои пломбаи электронӣ ва дафтари қайди ҳодиса ва руйдодҳо мебошад.
Мувофиқи лоиҳа 100 ҳазор ҳисобкунаки барқи иваз карда мешавад. Барои муштариёни саноати 220 дона нуқтаи баҳисобгирии қувваи барқ дар шиддати 6-10 кВ. насб карда мешавад. Дар 1369 трансформатор ҳисобкунакҳои барқии мувозинавӣ насб карда мешавад.
Ҳоло бошад чун минтақаи таҷрибавӣ дар манзили истиқоматии сокинони 6 бинои истиқоматии баландошёна дар маҳаллаи “Бофанда”,ки  250 муштариро дар бар мегирад, ҳисобгиракҳои барқии биллингӣ насб карда шуда, минбаъд он то нимсолаи  дуюми соли 2017 идома дода мешавад.
Барои таҷдиди шабақаи барқии 0,4 кВ., хатҳои ҳавоии 0,4 кВ. 279 км. аз ноқилҳои корношоям ба ноқилҳои баландшиддат иваз карда мешаванд. Дар хонаҳои баландошъёна бошад  пурра ивази ноқилҳои қабатӣ бо дарозии умумии 394 км. ва  485 дона лавҳаҳои барқии дохилибиноии  биноҳои баландошёна  иваз карда мешавад. Ба ғайр аз ин аз ҳар як лавҳаи 0,4 кВ. хонаҳои баландошъёна ба ҳар як даромадгоҳи хона ноқили барқии буришаш 50 мм2 гузаронида мешавад. 14,3 км. хатҳои зеризаминии 0,4 кВ. аз зеристгоҳи  барқи   то хонаҳои баландошъёна нав карда мешаванд.
Барои амалӣ гаштани корҳои мазкур қарордод бо ширкати чинии "ZTE"дар якҷоягӣ бо ширкати "HEXING Electrical Co Ltd" ба имзо расонида шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода   дастур дод,ки барои сари вақт амалӣ гаштани лоиҳа ва фаҳмондани моҳияти он  ба шаҳрвандон раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, Сарраёсати хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр, маркази иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳр,мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ   ҳамкориро  ба роҳ монанд.