(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

Ярмарка-намоиши «Молҳои содиротии Эрон-2015»

Дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд ярмарка- намоиши ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид. Дар расми кушоди он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, устондори вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Рашидиён, Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ширкат варзиданд.
Раиси вилояти Суғд зимни суханронии худ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон риштаи пайвандии фарҳангиву таърихӣ дошта, муносибати ҷонибҳо ҳамарӯзақавитармегардад. Далели ин гуфтаҳо фаъолияти беш аз 200 ширкати эронӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Алиризо Рашидиён қайд кард, ки муносибати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле қавӣ гашта, ҳарду ҷониб ҳамкориро дар бахшҳои гуногуни фарҳангӣ, иқтисодӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ, соҳаи тиб хеле хуб ба роҳ мондаанд.
Дар намоиш зиёда 30 ширкати вилояти Хуросони Разавӣ иштирок дошт. Дар ин ярмарка нархҳои маҳсулот нисбат ба нархи маҳсулоти бозорҳои шаҳр арзонтар буд.
Сипас, бо иштироки ҳайати расмии тарафҳо ба фаъолияти ярмарка- намоиши «Молҳои содиротии Эрон - 2015» ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд. Меҳмонону шаҳрвандони вилоят ярмаркаро тамошо намуданд. Эрониён ба сокинони вилояти Суғд беш аз 100 номгӯи маҳсулот аз ҷумла, масолеҳи сохтмон, ашёи рӯзгор, озуқа, қолин, рангубор, шустушӯӣ, техника, қаннодӣ, пойафзол, техникаи кишоварзӣ ва ғайра пешниҳод намуданд.
Бояд қайд кард, ки ярмарка – намоиши мазкур бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд баргузор гашта, он ба ҳукми анъана даромадааст ва наздик 10 сол инҷониб гузарони дамешавад.
Ҳамчунин, ярмарка-намоиши ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон то санаи 16-уми июн идома ёфта, дар доираи он Созишномаи ҳамкорӣ миёни Созмони муҳандисии тиҷорат ва бозоргонии вилояти Хуросони Разавӣ ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ба имзо расид.