(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр омодагӣ ба зимистонро месанҷад.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади огаҳҳ ёфтан аз вазъи фаъолияти кории КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ба муассиса ташриф овард.
Корҳои омодагҳ ба фасли тирамоҳу сармо аллакай оғоз гардидаанд,- гуфт зимни сӯҳбат бо роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатҳ Раиси шаҳр,- аз он ки муасисаи Шумо яке аз сохторҳои масъули таъмини тозагии шаҳр аст, аз ҳоло бояд омодагиро барои зимистонгузаронҳ пухта бинед.
Тавре сардори муассиса Иброҳимҷон Қаландаров ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, айни ҳол дар аз рӯи 3 ҷадвали корҳ 30 техникаи партовкашон ҳар шабонарӯз аз қаламрви шаҳр зиёда аз 600 мукаабметр партов мебароранд. Ҳамзмон лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахту маишҳ дар шаҳри Хуҷанд» бо дастгирии молиявии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба маблаги 5 млн. доллар татбиқ мешавад. Тибқи он бояд коргоҳ аз ҷиҳати техникҳ такмил ёфта ҳолати партовгоҳ ҷавбгӯй ба меъёрҳои байналмилалҳ гардонида шавад.
Раиси шаҳр эътибори роҳбарият ва гурҳи татбиқгарони лоиҳаро ба он равона кард то ки маблағи лоиҳа бештар ба беҳтар намудани ҳолати техникҳ, хуссан хариди техникаҳои иловагҳ, захира намудани сӯзишворҳ ва беҳтар сохтани вазъи коргоҳ масраф карда шавад.
Тавре маълум гардид, ҳамзамон қарзи аҳолҳ аз хизматрсонии ин муассиса ба 4 млн. сомонҳ наздик шудааст. Нозирон бошанд, моҳе зиёда аз 300 ҳазор сомонҳ маблағи ҳаққи хизматрасониро ҷамъоварҳ мекунанд. Дар ин радиф қарзи муассисаи ободонии шаҳр аз ин коргоҳ ташвишовар боқҳ мемонад. Он ба 4 млн. сомонҳ мерасад. Қарзи дигар корхонаву ташкилотҳо бошад, 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
-Ҷамъоварии ҳаққи хизматрсониро бо назардошти қарзҳои пешин боз ҳам беҳтар кунед,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини молияи корхона,- хусусан дар сарфи маблағҳои лоиҳа санҷобкор бошед, ки аз тарафи мақомотҳои тафтишотҳ ҳар дирами истифодашуда санҷида мешавад.
Ҳамзамон дар асоси дастури Раиси шаҳри Хуҷанд имрӯз тамоми корхонаю муасисаҳои хоҷагию коммуналӣ, Шабакаи барқтаъминкунӣ, идораи «Хуҷандобуканал» бояд бобати омодагӣ ба мавсими зимистонаи 2015-2016 тадбирҳои мушаххас андешанд.
Баъдан раиси шаҳр аз утоқҳои корҳ ва рафти таъмири бинои маъмурии коргоҳ дидан карда, фикру мулоҳиази хешро роҷеъ ба сифатнок анҷом додани корҳои таъмиру тармим баён дошт.