(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мақомот нархи бозорҳоро зери назорат дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон назорату танзими нархи бозор ва маҳсулоти ниёзи аввал ба хусус дар моҳи Рамазон  яке аз самтҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёбад.
Барои нигоҳдории нархи маҳсулоти хӯрока давоми чанд рӯзи пеш аз оғози моҳи Рамазон дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар он кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти худро нисбат ба нархҳои муқаррарии ҳамарӯза то 20% арзон намуда, барои захира намудани маводи озуқаи сокинони маркази вилоят бо нархҳои нисбатан арзон имконият фароҳам оварданд.
Давоми рӯзҳои ташкили ин намоиш фурӯш наздик 250 тонна маҳсулоти ниёзи аввала аз қабили орду равған гӯшт, картошкаю пиёз, сабзӣ биринҷ ва ғайра ба харидорон пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирии деҳқонон ва истеҳсолкунандагони маводи хӯрока   ҷойи савдо ба онҳо ройгон пешниҳод карда мешавад. Дар баробари ин фрӯшандагон тасмим гиитфанд, ки дар ин моҳ барои таъмини дастрасии қишрҳои ниёзманди сокинон барои маводи ғизо то 15% нархҳои маҳсулоти худро арзон фурӯшанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи кори худ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохторҳои масъули соҳаи савдо супориш дод,ки ҳамарӯза доири танзиму нигоҳдории нархҳои бозорҳои маркази вилоят тадбирҳои мушаххас андешанд.