(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ғолиби озмуни «Гулҳо» гулпарвари ХуҷандӣБоиси хурсандӣ аст, ки хуҷандиён дар Фестивали “Гулҳо” низ фаъолона иштирок карда ба дстовардҳои назаррас ноил шуданд. Ин аст, ки дар бахшҳои “Ороиши беҳтарин” гулпарвари хуҷандӣ Шӯҳрат Раҳимбоев Ғолиб дониста шуда бо 5 ҳазор сомонӣ, “Гулдастаи беҳтарин” сокини шаҳри Хуҷанд Абӯбакр Набиев бо 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шцуданд. Дар бахши “Экебанаи беҳтарин” бошад сокини ноҳияи Б.Ғафуров Малоҳати Бобоева Ғолиб омад. Ӯ бо 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Сокини шаҳри Чкалов Арут Васканян бошад, дар бахши “Ороиши беҳтарин дар мевагӣ”  Ғолиб омада соҳиби  2000 сомонӣ мукофотпулӣ шуд “Гулпарвари беҳтарин” Додо Абдусатторов аз ноҳияи Б.Ғафуров  шуд. Меҳнаташ бо 2000 сомонӣ қадршиносӣ гардид.
Вақти қадршиносии Ғолибон, ки аз тарафи Раиси вилоят ба ҷо оварда шуд, раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода низ ҳузур дошт.a