(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сифати маҳсулот назорат мешавад.Баробари боло рафтани ҳарорати ҳаво талаботи мардум ба нӯшокиҳои ташнашикан зиёд гардида ҳамзамон зарурати назорати доимии ҳолати тозагӣ, риояи сифати маводи хӯрокаи тезвайроншаванда ба миён меояд.
Бо назардошти ин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдори назорати ҳолати санитарию эпидемологӣ, идораи партовкашонӣ, роҳбарияти бозорҳои шаҳр супоришҳои қатъӣ дод.
Роҳбарияти сохторҳои номбурда вазифадор гардиданд, ки ҳамарӯза аз вазъи мағоза, ошхона ва дигар нуқтаҳои фурӯши маводи хурока ва ташнашикан назорат бурда, барои пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолатҳои ғайрисанитарӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Раиси шаҳри Хуҷанд доири назорати қатъии маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, пешгирӣ намудани фурӯши маҳсулоти худсохти ширӣ ва ташнашикан таъкид намуда, аз роҳбарияти бозорҳои шаҳр талаб намуд, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои масъул ба либоси фурӯшандаҳо муоинаи тиббии онҳо, ҷойи савдо ва сифати маҳсулот  низ  эътибори ҷиддӣ диҳанд.