(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули навбатии Раиси шаҳрРӯзи шанбе Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ҳалли мушкилот ва баррасии дархост, сокинони маркази вилоятро қабул намуд.
Пеш аз оғози қабули сокинон Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд,ки баргузории чунин сӯҳбатҳои бевосита бо шаҳрвандон дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Давоми рӯз 38 нафар сокинону синну соли гуногун бо чанд масалаҳои ҳалталаби худ ба Раиси шаҳр муроҷиат намуданд.
Бо дархости таъминоти қитъаи замин 10 нафар, барои ҷойгир намудан ба кӯдакистон 2 нафар, мусоидат барои барқарор намудани саломатӣ дар осоишгоҳ 3 нафар ва чанде дигар аз қабили муроҷиаткардагон буданд. Духтури маркази саломатии № 2, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, номзади илми тиб, Абдуназир Очилзода мохи марти соли равон барои иштирок дар Форуми 4-уми байналмиллии духтурони гӯшу гулӯю биннӣ дар шаҳри Санкт-Питербурги Федератсияи Россия  аз Раиси шаҳри Хуҷанд кӯмаки пардохти харҷи роҳ хоҳиш намуда буд.
Номбурда бо дастгирии Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин форум иштирок намуда, кишвари моро дар ҳамоиши бонуфуз намояндагӣ намуда буд.
Абдуназир Очилзода барои ин дастгирӣ ва таваҷҷӯҳ изҳори сипос намуда, зикр намуд. ки маълумоти дониши гирифтаи худро аз ин форум барои беҳдошти соҳаит тибб истифода хоҳад бурд.