(3 овоз, миёна 4.67 аз 5)

Комиссияи байниидоравӣ: Шукргузор бошем, на эътирозгарҶаласаи навбатии комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон таҳти роҳбарии раиси комиссия, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома, оид ба рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» мутахассиси шӯъбаи маориф Муқаддас Азимова сухан карда, зикр намуд, толибилмоне, ки ба сӯиқасд ба ҷони худ ё худкушӣ даст мезананд, аз оилаҳои носолиманд. Волидонашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд ва онҳо  падар ё модар надоранд. Барои пешгирии чунин воқеаҳои номатлуб дар се моҳи аввали соли равон дар тамоми мактабҳо бо ҳамроҳии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи тиб ва ходимони дин вохӯрии хонандагонро доир гардид.

Мудири бахши кор бо занон ва оила Муҳайё Дадобоева низ аз корҳое, ки тӯли се моҳи аввали сипаригардида ба анҷом расонданд, ҳарф зад. Аз ҷумла, қайд кард, ки баҳри баланд бардоштани масъулияти падару модар ҷиҳати мукаммал намудани сатҳи тарбияи фарзанд дар оила, кӯмаки амалии волидайн дар беҳдошти сифати таълиму тарбия, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ семинар-машваратҳо, вохӯриву сӯҳбатҳо дар маҳаллаҳо ва мактабҳои миёнаву олӣ гузаронида шуданд. Вале, бо вуҷуди ин дар ин давра як нафар даст ба худкушӣ зад.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома, «Оид ба мубориза бар муқобили хариду фурӯши одамон» ҳам Муҳайё Дадобоева сухан кард ва афзуд, Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд барои дастгир намудани шахсоне, ки бо роҳи фиреб бонувонро берун аз марзи Тоҷикистон мебаранд, амалиётҳо гузаронида, дар натиҷа 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Дар музокира мудири Бахши танзими расму оин ва анъанаҳои миллӣ ва кор бо дин Мӯъминҷон Орифов, сармутахассиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак Мадина Салимова, корманди шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳр Диловар Шарофов, ҳуқуқшиноси МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муқимҷон Саидов иштирок карда, андешаҳои хешро доир ба масъалаҳои муҳокимашуда иброз доштанд.