(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мушкилоти сокинон ҳалли худро меёбад.Наздик 20 сол аст, ки як идда сокинони кӯчаи ба номи Ҷ.Зокирови маркази вилоят аз таъмирталаб будани кӯчаи худ, хусусан вақти боришот мушкил гардидани роҳгардӣ дар он азоб мекашиданд. Дар ин мавзӯъ телевизионҳои маҳаллӣ чанд барномаҳои танқидӣ низ пахш карда буд.
Тибқи дастури Раиси шаҳр масъулини соҳа барои обод кардани ин кӯча оғоз карданд. Қарор дода шуд, ки дар ҷойи муайян ҳавзи иқтидори об ғунҷоишаш 120 мукааб метра сохта кӯчаро мумфарш ва ба масофаи 600 метр қубури обгузар хобонида мешавад.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ин кӯча ба сохтмончиён дастур дод то ки корҳои сохтмониро тезонанд ва нисбати ободу зебо намудани атрофии ҳавз ва ба макони истироҳати мардуми маҳалла табдил додани он чораҷӯӣ намоянд. Ёдовар мешавем, ки ҳавз аз ҳисоби ҳавлии кӯҳнаи як сокини ҳамин кӯча сохта шуда, ба соҳибаш аз дигар минтақаи шаҳр участкаи наздиҳавлигии нав ҷудо карда мешавад.
Сокинон барои дастгирӣ ва ин ғамхории МИҲД шаҳр ба Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос карданд.