(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рӯзҳои ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!» идома дорад.
То имрӯз тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва нақшаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шанбегии умумишаҳрии ҷавонон барои беҳдошти фазои экологӣ ташкил ва баргузории мусобиқаи шаҳрии шоҳмот байни калонсолон ва чемпионати футбол байни ташкилоту корхонаҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ҳамчунин дар доираи ин рӯзҳо “Рӯзи дарҳои кушод” дар қисмҳои низомӣ, баргузории озмуни сурудҳои ватанпарастонаи «Суруди сарбоз», аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат ва имконияташон маҳдуд, ташкил ва гузаронидани дави миллӣ зери унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим», намоиши ҳунарҳои дастии ҷавондухтарон ва ихтирокорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор» мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба тенниси рӯи миз, ташкили намоишгоҳи туристӣ дар Маҷмааи фарҳангию таърихии ба номи Камоли Хуҷандӣ, баргузории мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашкаи русӣ байни наврасон, озмуни шаҳрии “Маликаи сол-2015” бахшида ба «Соли оила» пешбинӣ гардидааст.
Маросими тантанавии ҷамъбастии чорабиниҳои шаҳри таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” санаи 21 май бо иштироки роҳбарияти мақомоти вилоятӣ ва шаҳрӣ баргузор гашта он бо шукуҳу шаҳомати хоса доир хоҳад гашт.