(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сокинони маҳалла арзи сипос менамоянд

Ба Pаиси шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода.
Мӯҳтарам Раис. Боиси сарбаланди ва хушнудии ҳамагон аст, ки соли 2015-ум низ идомаи “Соли роҳҳои обод” эълон гардидааст. Мардуми шарифу меҳнатқарини Хуҷанди бостону ҳамҷавон дастуру супоришоти Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилоятамон мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Шумо Раиси мӯҳтарамро баҳри ободию сарсабзии диёри аҷдодиамон сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри сарсабзу хуррам ва ободу покиза гардонидани ҳар як кӯчаву маҳал талош меварзанд. Бо пайгирӣ ва супоришоти Шумо кӯчаи ба номи Шариф Раҷабов кулан мумфарш гардида, дар кӯчаи ба номи Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳои кумитаи маҳаллаи “Раззоқ” корҳои мумфаршкунӣ идома дорад. Роҳҳои кумитаи маҳаллаи “Раззоқ” обод мешаванд, масъулин, аъзоёни кумитаи маҳалла, бошандагони он ба хуби дарк менамоянд, ки роҳи ободу муҷалла боиси ободии манзиламон хоҳад буд ва барои ин рисолати пуршараф кӯшиши тамом ба харҷ дода, ба насли ҷавон намунаву ибрат мегарданд.
Мӯҳтарам Раис. Ба Шумо баҳри ташвишу тараддутҳоятон ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии идомаи барномаи “Роҳҳои обод” гуҳари сипос намуда, хоҳиши онем, ки дар иҷрои вазифаи басе заҳматталабу пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун ёратон бошад.
Бо камоли эҳтиром сокинони маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд.

Дадобоев Шариф

Охунов Раҳматулло

Эргашев Ҳошимбой

Усмонова Малоҳат

Охунов Нусратулло

Гадойбоев Акрам

Ибодуллоева Ойгул

Юлдашев Мансур

Юлбарсов Абдуғаффор

Ахмедов Зоҳиршех

Тӯйчибоев Ҳасан

Раҳматов Музаффар

Артиқов Толиб

Маҳмудов Абдуқаҳҳор

Тошматов Абдуҷамил

Тӯйчибоева Алла

Тӯйчибоев Ҳасан

Бобоев Махсум

Зоҳирова Маърифат

Ваҳҳобова Қумри

Ахмедов Наимҷон

Муроди Саиданвар

Муртазоев Мурод