(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳр ба муносибати Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашонҲамшаҳриёни азиз!
Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашонро барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёрамонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрик намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору зиндагии ҳамарӯзаатон комёбиҳо орзу менамоям.
Ин иди умумиҷаҳонӣ на танҳо санаи 1 май дар айёми зебои сол ҷашн гирифта мешавад, балки гузашта аз ин, таҷассуми олитарин арзишҳои инсонист, ки меҳнаткашони тамоми ҷаҳонро новобаста аз миллату халқият ва наҷод ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд. Қиммати ин иди умумибашариро тоҷику тоҷикистонӣ, ки дар гузаштаи начандон дур парокандагиҳои халқу миллатро дида, туфайли иродаи қавӣ ва ақли солими худ боз ба ҳам омадааст, нащз медонад. Имрӯз, шукр аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу амният зиндагӣ доранд.
Самараи ваҳдату муттаҳидӣ ва меҳнати содиқонаи пиру барно аст, ки шаҳри Хуҷанд дар замони соҳибистиқлолӣ обод гардида, иншоотҳои зиёди таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ қомат афрохт ва ба гӯшаи сабзу хуррами диёри ҳамешабаҳорамон табдил ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Бузургтарин сарвати Тоҷикистон халқи меҳнатдӯст, мардуми ҷӯяндаву бунёдкор ва бофарҳангу соҳибтадбири мо мебошад».
Бо умеди комёбиҳои нав ба нав, садоқатмандии мардумон ва ободии рӯзгор бори дигар кули ҳамдиёронро бо фарорасии ин иди фархунда табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям.
Идатон муборак бод,ҳамдиёрони азиз!

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Раҷаббой Аҳмадзода