(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд насиби дастаи «Мевағул» шуд.Аз санаи 9 то 28 апрели соли равон дар майдончаи сунъи Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба футболи-хурд байни наврасони маҳаллаҳои маркази вилоят, ки соли таваллудашон 2000-2002 аст, баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 200 нафар варзишгар аз 15 маҳаллаҳо, ширкат варзиданд.
Дар натиҷа ҷойи якум ва Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷандро дастаи футболбозони навраси маҳаллаи Мевағул (13-18мкр) соҳиб гаштанд.
Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои маҳаллаҳои «Сайхун» ва дастаи маҳаллаи «1-уми Май» мутаносибан ишғол намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби доварон ва мухлисон бозингарони беҳтарин муқаррар карда шуданд. Дарвозабон Алибоев Пӯлод аз дастаи «Мевағул», муҳофизатгар Оқилов Ҷамшед аз дастаи «Сирдарё» ва ҳамлагар Самадов Самад аз дастаи Сайхун чун бозингарони беҳтарин пазируфта шуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорон аз тарафи федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бо ҷом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравц сарфароз гардонида шудаанд.