(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дурнамои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ муаррифӣ гардид.

Чуное, ки қаблан иттилоъ дода будем мушовирони ширкати «АФ Сити план»-и Ҷумҳурии Чехия, ки корҳои тадқиқотӣ ва асос-ноккунии техникии лоиҳаи «Таҳияи дурнамои рушди нақлиёти мусофиркагони ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида буданд кори худро ба анҷом расонданд.
Бо мақсади муаррифии натиҷаи таҳлил ҷаласаи кории ҳайати коршиносони чехӣ баргузор гашт, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндаи ин Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - Эркаев Акмал, роҳбари гурӯҳи тадқиқотчиён Карл Штейнер ва мушовирони ширкати «АФ Сити план»-и Ҷумҳурии Чехия, ки корҳои тадқиқотӣ ва асос-ноккунии техникии лоиҳаро дар шаҳри Хуҷанд гузаронидаанд, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, Дурнамои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ муаррифӣ гардид.

намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳрҳои Чкалов, Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндагони сохторҳои нақлиётии вилояту шаҳр, ширкатҳои нақлиётии шаҳр ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, терминалҳои мусофирбар, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат доштанд.
Дар суханони ифтитоҳии худ Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқаррар гардидааст, ин аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани кишвар буда, сол ба сол комплекси коммуникатсионии нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфта, ба ин соҳа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуда истодааст.
Баъдан дар назди ҳозирон роҳбари гурӯҳи коршиносон Карл Штейнер баромад намуда маълумот дод, ки гурӯҳи кори онҳо давоми 6 моҳ пурра вазъи имрӯза ва имкониятҳои мавҷудаи таъмини сокинони шаҳри Хуҷанд ва минтакаҳои атрофи онро мавриди омӯзиш қарор дод.
Пеш аз ҳама мақсади ин омӯзиш дастгирии лоиҳаи «Таҳияи дурнамои  рушди нақлиёти мусофиркагони ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» аз ҷониби Бонки Таҷдид Рушди Аврупо буда, он дар як вақт беҳтар намудани вазъи таъминоти сокинони шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Б. Ғафуров нигаронда шудааст. Лоиҳа чанд марҳиларо дар бар гирифта, он бунёди саристгоҳ (депои автобусҳо), харидории автобусҳои калонҳаҷм ва миёнаҳаҷм, таъмири истгоҳҳо, тағийри сайрхатҳо ва ғайраро дар бар мегирад.
Таҳлил ҳамзамон теъдоди сайрхатҳо, вазъи экоглогӣ, низоми фаъолияти нақлиёт ва нархгузории хизматрасониро низ фаро гирифтааст.
Бобати натиҷаҳои омӯзиш аз рӯи меъёрҳои қайд гардида мутахассисон Войтек Хлава, Ханд Алӣ, Доматси Йозеф корҳои ба анҷомрасондаи худро муаррифӣ намуданд.
Мувофиқи пешниҳоди мутахассисони Ҷумҳури Чехия харидории 100 автобус, таъсиси 9 сайрхат,- Чашма-Гафуров, Микроноҳияи 12 -Гафуров, Унчи-Гафуров, Галамайдон-Кайроккум, Чашма-Фурудгох, 3-мкр-фурудгох, 3 мкр-Чашма ва шахри Чкалов, барои мусофирон харидории чиптаҳои дарозмуддат ва якдаъфаина, истифодаи назорати компютерии ҳаракати нақлиёт ҷорӣ гардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд қайд намуд,ки баробари фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ тамоми сайрхатҳои муассисаҳои мусофиркашонии ғайридавлатӣ фаъолияти худро бо тағийри сайрхатҳои дигар идома хоҳанд дод.
Ҳамзамон бо мақсади дастгири қишри ниёзманди мардум дастгирии онҳоро барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ мақомоти маҳаллӣ ба зимма мегирад.
Маблағи умуми лоиҳа наздик 20 миллион евро буда, сохтмони саристгоҳи нақлиёт ба маблағи 2,5 миллион евро, харидории таҷҳизоти лозима ба маблағи як миллион 200 ҳазор евро бо 200 ҷойи корӣ пешбинӣ мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳоло зиёда аз 173 ҳазор нафар аҳолии муқимӣ истиқо-мат дошта, ҳамарӯза зиёда аз 30 ҳазор нафар меҳмонон, донишҷӯён, коргарон ва корафтодагон ба шаҳр рафту омад доранд ва нақлиёти автомобилӣ ягона намуди то имрӯз воситаи хизматрасонӣ дар ин соҳа аст.
Имрӯзҳо ба сокинон ва меҳмонони шаҳр 92 хатсайрҳои мусофирбар аз 14 ширкатҳои нақлиётӣ бо 1600 адад нақлиёти мусофиркашони микроавтобус-ҳо хизмат расонида истодаанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ ва омӯзишу тадқиқотҳои гузарони-дашуда ҳамарӯза дар шаҳри Хуҷанд бо микроавтобусҳо зиёда аз 194 ҳазор, ё ки дар як сол зиёда аз 71 миллион нафар мусофирон кашонида мешаванд.