(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Оташи абадӣ»- шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз нав фурӯзон гашт.Поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамарӯза барои собиқадорони ин ҷанг супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри иҷрои он мақомоти маҳаллӣ корҳои судмандро ба анҷом мерасонанд. Дар шаҳри Хуҷанд баробари чанд ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, муҷассамаи ёдгории барои шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар даврони шӯравӣ бунёд ёфта, чун ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои падару бобоёни мардуми диёр ба насли имрӯза хизмат мекунад.
Бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба таҷлили 70 солагии Иди Ғалаба аз болои фашистони гитлерӣ оташи абадии ин ёдгорӣ аз нав барқарор карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки муҷассамаи мазкур соли 1975 бахшида ба 30 солагии ғалабаи мардуми шӯравӣ бар фашизм бунёд ёфта тибқи лоиҳа яке аз қисматҳои ин ёдгорӣ оташи фурӯзон чун рамзи поси хотири ҷоннисорони ватан буд. Минбаъд оташи абадӣ дар пояи муҷассами  шаҳидон давоми сол фурӯзон хоҳад буд.