(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд фестивали гулҳо баргузор мегардад.Бобати ташаккули шаҳрдорӣ, ободонии муҳити зист, тарбия ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳолӣ, тағйир додани симои маҳаллаҳо ва гулзор намудани саҳни биноҳои истиқоматии ташкилот, идораҳо, муассисаҳо, ҳамчунин бо мақсади асосии озмуни мазкур тарғибу ташвиқ намудани ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи аҳолӣ нисбати ободонии шаҳр ва дар ин замина вусъат бахшидани корҳои гулзоркунӣ ва ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Кодирӣ бобати эълон гаштани «Соли 2015 – Соли гулҳо» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдат баргузор намудани «Фестивал-озмуни гулҳо» карори дахлдорро ба имзо расонд. Дар асоси ҳамин карор Низомнома, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамони Фестивал - озмуни  гулҳо тасдиқ карда шуда, он дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдат гузаронида мешавад. Вобаста ба иҷрои шартҳои озмун барои ҷои якум - 5000 сомонӣ, барои ҷои дуюм – 3000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм – 2000 сомонӣ супорида мешавад. Дар баробари ин голибони Фестивал - озмун бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида мешаванд.
Ба ҳайати ҳакамони озмун 6 нафар олимони фанхои табии, рассом-ороишгар ва мутахассисони соҳаи гулпарвари шомил гаштаанд.