(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи футболи хурд барои «Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд»Бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва дастури Раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 1» -и шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи кории Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва Федератсияи Футболи шаҳр мусобиқаи футболи хурд байни наврасони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ки соли таввалудашон 2000-2002 барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд» оғоз гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои футболбозони наврас аз 22 маҳаллаҳои шаҳр иштирок менамоянд. Рӯзи аввали мусобиқаро дастаҳои маҳаллаҳо чунин ҷамбаст намуданд:
Дастаи маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов 2-1, Маҳаллаи «Чорчароғ», «Боғ» 4 – «Содирхон Ҳофиз», «Мевағул» 8 - 0 «Сирдарё» 1, «Сайҳун 0 – 2 «Суғдиён». Мусобиқаи мазкур дар ду гурӯҳ ва як давр гузаронида шуда дастаҳои дар гуруҳҳо ҷойҳои 1 ва 2 ишғолнамуда дар қисми ниҳоӣ иштирок менамоянд.
Дастаҳое, ки ҷойҳои 1, 2, 3 ро ишғол менамоянд бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Мақсад аз ташкил ва гузаронидани мусобиқаи мазкур оммави гардонидаи намуди варзиши футбол байни наврасони маҳаллаҳо, пешгири аз қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб мебошад.
Пагоҳ дастаҳои маҳаллаҳои «1 май» бо дастаи маҳаллаи «Суғдиён 1» ва дастаи маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов 2 бо дастаи маҳаллаи «Шарқ», дастаи маҳаллаи «Бофанда»  бо дастаи маҳаллаи «Сирдарё 2» ва дастаи маҳаллаи «Тиллокон» бо дастаи маҳаллаи «Сирдарё» қувваозмоӣ менамоянд.