(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ба гуфторҳои радиои нав оғоз бахшид.Дар фазои иттилоотии маркази вилоят шаҳри Хуҷанд боз як радиои мустақил бо номи «Шаҳри ман» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии тантанавии ба фаъолият оғоз намудани ин радио иштирок намуд.
«Имрӯз сиёсати иттилоотии кишвар бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудааст, ки тамоми расонаҳои мамалакат  новобаста аз шакли моликият бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва амнияти иттилоотӣ фаъолияти худро ба роҳ монанд. Дар ҳамин замина мо умед дорем, ки Радиои «Шаҳри ман» барои амалӣ гаштани ин супориши сарвари давлат ва тарғиби барномаҳое, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ имсол эълон гаштааст, саҳми арзанда хоҳад гузошт.»- таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд. Радиои мустақили «Шаҳри ман» соли 2014 аз қайди давлатӣ гузашта, соҳиби иҷозатнома гаштааст. Ширкати мазкур аз ҷониби якчанд ҷавнони соҳибкори шаҳр таъсис ёфта, ҳамарӯза давоми 24 соат гуфторҳои он аз оӯи мавҷи 97.7 FM ба шунавандагон пешкаш мегардад.
Айни замон 7 нафар мутахассисон ва эҷодкорон барои таҳия барномаҳо ҷалб гардида, теъдоди кормандон то интиҳои сол ба 15 нафар хоҳад расид.
Барои фаъолияти пурсамари гурӯҳи эҷодӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, музди миёнаи маоши кормандон ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси шаҳри Хуҷанд баъди оғоз бахшидан ба нахустин гуфторҳои ин радио нахустин меҳмон ва мусоҳиби журналистони он гардид.