(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ифтитоҳи майдончаи варзишии сунъӣ.Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1»-и шаҳри Хуҷанд майдончаи варзишии сунъии футболи хурд ба истифода дода шуд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки дар оянда дар ин майдончаи варзишӣ мусобиқаи футбол байни 22 маҳаллаҳо, ҷавонони то 15 ва 25 сола, байни калонсолон ва байни занҳо гузаронида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ қадрдонӣ карда шаванд.
Бо буридани лентаи рамзӣ варзишгарони Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1»-и шаҳри Хуҷанд дар ин майдончаи варзишии сунъӣ бозии футболро оғоз карданд.
Майдончаи мазкур бо дастгирии МИҲД-шаҳри Хуҷанд ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ба андозаи 20х40 метри мураббаъ ба муддати наздик 2 моҳ сохта шудааст. Ҳамчунин бояд тазакурдод, ки ин майдончаи варзишии сунъӣ чароғон карда шуда варзишгарон метавонанд, шабона низ байни ҳам қувваозмоӣ карда бошанд.
Ба истифода додани ин майдончаи варзишии сунъӣ минбаъд имкон медиҳад, варзишгарон дар ин майдончаи варзишӣ тамоми фасли сол мусобиқаҳо барпо намоянд.