(4 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд.Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду иншооти нави ҷашнӣ – бинои нави филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва корхонаи коркарди шири «Порсои Хуҷанд» дар минтақаи саноатии маркази вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Намояндагии минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанд аз соли 1994 ба фаъолият шуруъ намуда, дар бозори молиявию қарзии ин минтақа чун шарики боэътимод мавқеи сазовор касб намудааст.
Бинои нави филиал барои беҳсозии хизматрасониҳои навтарини бонкӣ, муҳайё кардани шароити муносиб барои кормандон ва мизоҷон бунёд ёфтааст. Гуфтанӣ аст, ки ин филиали минтақавӣ дар бинои зебои истиқоматии 5-ошёна, ки аз ҷониби худи Тоҷиксодиротбонк бунёд ёфтааст, ҷой гирифтааст. Бинои истиқоматӣ дорои 14 хонаи барҳаво буда, дар ошёнаи якумаш ҳамчунин маркази савдо ҷой гирифтааст, ки барои фурӯши анвои гуногуни хӯрокворӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин бинои панҷошёна, ки бо харҷи қариб 8,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 52 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Замини бекорхобидаи пушти бино ба майдончаи бачагона ва мавзеи зебои сайру гашти сокинони атроф табдил дода шудааст.
Дар минтақаи шарқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди шир ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Равшан Умаров бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Корхонаи мазкур барои истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ, ғанӣ гардондани бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти бозоргир ба хориҷи кишвар пешбинӣ шуда, бо номи «Файзи Расул»  маҳсулоти худро  ба харидорон пешниҳод менамояд.
Истеҳсоли маҳсулоти ширии ин корхона бо технологияҳои пешқадам аз давлатҳои Олмону Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монда шуда, маҳсулоташ дорои сифати баланд мебошад.
Ҳоло дар ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 35 тонна шир коркард шуда, аз он 12 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин ҷо 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд ва ояндаи наздик теъдоди кормандон ба 60 нафар хоҳад расид.
Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона тасмим гирифтанд, ки як фермаи молию ширӣ низ ташкил дода, дорои пойгоҳи ашёи хоми худӣ барои ин корхонаи саноатӣ шаванд.