(2 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Ба чунин хулоса омаданд иштирокдорони маҳфили музайяни маърифативу фарҳангӣ. Зеро, чанд нафар аз устодони маъруфи макотиби миёна ва олии вилоят ва ҷумҳурӣ аз шогирдони асили устод Давронҷон Темуров маҳсуб мешаванд. Бахусус, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯрабоев, декани факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров, дотсент Насимҷон Ҳамробоев, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-уми шаҳр Илҳомҷон Султонов ва дигарон.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҷашни 60-солагии зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давронҷон Темуров дар макони барояш азизу муқаддас-Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-юми шаҳр доир гардид.

Номаи меҳру ихлоси Раиси шаҳрро мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД Муҳайёхон Дадобоева қироат намуда, барои машъалафрӯзи соҳаи маориф Давронҷон Темуров саодатмандиву  сарбаландӣ таманно ва тӯҳфаи хотиравиро тақдим кард.

Ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров, доктори улуми филология, профессор Матлубахон Хоҷаева, сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Аҳмадҷон Солиҷонов, раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Юсуфҷон Ҷумъабоев, профессор Усмонҷон Fаффоров, раиси Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Хуҷанд Муқимҷон Қобилов ва дигарон соҳибҷашнро бо шасти камолот шодбош гуфтанд.

Барномаи фарҳангию бадеии омоданамудаи хонандагон бо роҳбарии директори мактаб Гулнорахон Обидова басо ҷолибу хотирмон буд.

Дар фарҷом устод Давронҷон Темуров сипоси хешро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр барои чунин қадршиносиву дастгирии кормандони маориф ва илм баён намуд.