(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд таҷлили Наврӯз оғоз гардид.Дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои Наврӯзӣ бо шаҳомати хосаи баҳорона оғоз гардид.
Нахустин шуда омади Наврӯзро сокинони маҳаллаи «1 май» таҷлил намуданд.
Чорабинии идонаро хурду калон дар Чойхонаи «Сирдарё»-ки дар ҳудуди маҳаллаи номбурда ҷойгир аст, бо маҳорати усуси хосаи баҳорию наврӯзӣ доир намуданд.
Дар чорабинии номбурдаи сокинон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии як зумра меҳмонон,- собикадори сохтори қудратӣ, генерал майор Аъзам Қосимов, сардори коммисариати ҳарбии вилояти Суғд Назар Бадалов ва чанде дигарон иштирок намуданд. Дар қисмати ифтитоҳӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли сокинону ҳозиринро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо омад-омади Наврӯзи Аҷам табрик намуда, таъкид намуд, ки файзу саховати баҳори имсола паёмҳои нек ва хушро медиҳад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба кӯдакон ва наврасони дар чорабинии наврӯзӣ иштирок дошта, тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Аз ҷониби сокинони маҳалла ва омӯзгорону муҳассилини мактаби хусусии ба номи Ю. Рустамов компазицияи адабӣ-фарҳангӣ пешкаш карда шуд.