(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.Рӯзи 12-уми марти соли равон Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум, бо иштироки муовини аввали Раиси вилояти Суғд муҳтарам Ҷумъабой Раҳматович Сангинов доир гардид, ки аз 40 нафар вакили Маҷлиси шаҳрӣ 39 нафар иштирок дошт.
Бо танини суруди миллӣ дар толор, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба кори иҷлосия оғоз бахшида, маълум намуд, ки ба иҷлосия ҳамчунин, муовинони раиси шаҳр, роҳбарии дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳ рва намояндагони васоити ахбори омма даъват шудаанд.
Мутобиқи моддаҳои 8, 9, 13 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум, рӯзномаи баргузории иҷлосияро иборат аз 8 қисм тасдиқ кард. Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.Бо таклифи раисикунандаи иҷлосия вакилони навтаъини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Зоидов Зокир Мирзобоевич, директори ҶДММ «Газелтранскомпания», аз ҳавзаи интихоботии «Қорираҳмат Қурбонов», №4, Набиҷонова Мадина Раҳматҷоновна, директории Коллеҷи омӯзгории шаҳр, аз ҳавзаи интихоботии «Сулҳ», №18 ва Одинаев Алиҷон, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДЩБСТ, аз ҳавзаи интихоботии «Исмоили Сомонӣ», №32 ҳайати котиботи иҷлосияро ташкил доданд.
1. Дар хусуси пешбарии номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, омодагӣ ва рафти интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳр Раиси комиссияи шаҳрии интихобот Акрам Аслонов маълумот дод. ӯ зикр намуд, ки ба комиссияи шаҳрии интихобот аризаи 81 нафар ба тариқи пешбарӣ ва худпешбарӣ ворид гардид. Аз ин шумор 40 нафар бо раъйи мардуми шаҳр интихоб шуд. Бояд зикр намуд, ки афзуд раиси комиссия,- интихобот дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ба тариқи шаффоф сурат гирифт.
Ваколати 40 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум, ки санаи 1 марти соли 2015 аз ҷониби интихобкунандагони шаҳри Хуҷанд интихоб шудааст, бо Қарори раиси шаҳр тасдиқ гардид.
2. Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум, ки иборат аз 3 фасл ва 9 боб ва 36 модда аст, ба вакилон пешниҳод шуда, тариқи Қарори Раиси Маҷлис тасдиқ гардид.
3.Ҳафт комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум ташкил ва бо Қарори Раиси Маҷлис тасдиқ карда шуд.
4. Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум, ки иборат аз 4 банд ва 38 модда буд, тариқи овоздиҳии вакилон ва Қарори Раиси Маҷлис тасдиқ карда шуд.
5. Барои аз таркиби корхонаву муассисаҳои коммуналӣ баровардани биноҳо ҳамчун иншооти мустақили хусусишаванда, ки дар суроғаи кӯчаи Ҳаким Карим, №16 ва дар тарози Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд қарор дорад, вакилони халқ овоз додан два Раиси Маҷлис бо Қарори хеш ба ин амал иҷозат дод.
6. Мутобиқ ба ин қисми рӯзномаи иҷлосия вакилон бо як қатор Лоиҳаи Қарор( беш аз 100 адад)-и Раиси Маҷлис Раҷаббой Аҳмадзода шинос шуданд ва барои тасдиқи қарорҳо овоз доданд.
Дар ниҳояти иҷлосия Ҷумъабой Раҳматович Сангинов вакилони навтаъини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷандро бо ин намояндагӣ табрик гуфта, изҳори бовар намуд, ки дар ин маърака мардум раъйи воқеии хешро нишон дода, аз вакилони худ дар Маҷлиси шаҳрӣ умеди калон дорад. Замони нав,-афзуд Ҷумъабой Сангинович,- такмили андешаи мову шуморо тақозо дорад. Интихоботи соли 2015 марҳалаи нави ҳаёти сиёсии мамлакатро оғоз кард. Ҳадафҳо барои мо маълуманд: якум, таъмини суботу амният ва дуввум, таъмини рушди иқтисод. Вакилони халқ робитаро бо мардум бояд устувортар созанд, ба ваҳдати миллӣ тақвият бахшанд, зеро то ҳанӯз андешаи мардум оид ба ваҳдати миллӣ дар зинаи поён қарор дорад. Ҳамкории оммаи васеи шаҳрвандон бо мақомоти қудратӣ бояд вусъат ёфта, пеши роҳи зуҳуроти номатлуб гирифта шавад.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бори дигар вакилони навинтихобшударо табрик гуфта, дар кори пурмасъулашон барор хост ва ба ҳозирин таъкид намуд, ки дар остонаи ҷашни Наврӯзи дилафрӯз қарор дорем, аз ин рӯ, кулли сокинони шаҳр ба истиқболи меҳмонон бояд омода бошем.
Бо ҳамин, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум хотима ёфт.