(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

СОҲИБИ САЗОВОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БОШЕМ

Ҳамшаҳриёни азиз, соҳибзабонони гиромӣ!

Таҷлил ва тантанаи Рӯзи забони давлатӣ яке аз омилҳои мубораки ифтихори миллӣ дар даврони истиқлолият маҳсуб ёфта, он беш аз сӣ сол аст, ки ҷашн гирифта мешавад. Зеро дар ин рӯз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта, бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худро варақгардон менамоем ва роҳи нишебу фарози забону фарҳангамонро пеши назар меорем, то аз бурду бохти таърихи хеш сабақ омӯзем.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сухарониҳояшон гуфтаанд: “...Пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ ҷойгоҳи хос гирифт”.

Ба муносибати ин ҷашни бузург кулли мардуми Хуҷандшаҳрро табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватансозӣ иродаи қавӣ ва садоқати бепоёнро орзу мекунам.

Барои мардуми тоҷик ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезаи эҳсоси олӣ буд ва дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ мегардад.

Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва ба воситаи забон шинохта шудааст.

Тавоноӣ ва имкони забони мо ба ҳадде буд, ки тӯли садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд.

Имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бештари давлатҳои ҷаҳон расман мешиносанд, зеро Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми тадбирҳои расмии ҷаҳонӣ бо забони гуворои тоҷикӣ ҳарф мезананд. Ин чунин маъно дорад, ки ҷаҳон забони давлатии моро низ якҷоя бо давлатдориамон ба расмият шинохтааст.

Ба ин забон санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордоди муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он ҳамаи шароити заруриро муҳайё гардонем.

Имрӯз мо бояд кӯшиш кунем, то забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем.

Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Пас, биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди тоҷик бошем.

Бигузор, забони тоҷик, миллати тоҷик ва фарҳанги волои тоҷик ҷовидон бошад!