(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа ифтихори ҷашни касбии омӯзгорон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳа, устодон ва шогирдон доир гардид.

Нахуст директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ аҳли ҷомеаи меҳнатии боргоҳи илму маърифатро бо ҷашни касбӣ муборакбод намуда, зикр дошт: “Ҷашни касбии омӯзгорон, ки ҳар сол дар айёми фасли заррини тирамоҳ - якшанбеи якуми моҳи октябр таҷлил карда мешавад, аз таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати аҳли илму зиё, омӯзгорон ва дигар алоқамандони соҳаи маориф далолат медиҳад. Қобили зикр аст, ки иди касбии имсола ба яке аз ҷашнҳои азизу мӯътабар - 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст ва дар остонаи ин ҷашни бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо намояндагони соҳаи маорифи кишвар дар расми ифтитоҳи биноҳои навбунёди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон мулоқоти гарму самимӣ ороста, бо фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки бо дониши қавию навоварона ба шогирдон дарс гӯянд”.

Дар идомаи суханронии хеш номбуда зикр намуд, ки таваҷҷуҳу рӯзафзуну маорифпарваронаи Пешвои муазззами миллат аз мо – омӯзгорон тақозо дорад, то барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия, ҷалби ҷавонон ба илмҳои муосир ва забономӯзӣ бештару беҳтар саъй варзем. Дар ин росто эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, роҳандозӣ шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат” , “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” ки бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат амалӣ шуда истодааст, барои боз ҳам баланд гардидани шавқ ва завқи наврасону ҷавонон нисбати адабиёт, таърих, фарҳанг, илмҳои муосир, техникаву технология роҳи васеъ боз менамояд. Қобили зикр аст, ки пас аз эълони озмунҳои зикргардида устодону донишҷӯёни донишкада бо ҳавасмандӣ дар озмунҳо ширкат варзида, дар даври ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” 6 нафар устодону донишҷӯён соҳиби мақомҳои ифтихории ҷойҳои дуюм сеюм ва чорум гардиданд. Ҳамчунин тайи ду соли охир се нафар устодони донишкада Хуршед Худойбердиев, Бобоҷонов Ҷӯрабой ва Иброҳимов Муъминҷон барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ ноил гардиданд, ки ин дастоварди камназир аст. Алҳол барои боз ҳам бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба омӯзиши чуқури фанҳои дақиқ ва дигар фанҳо дар донишкада 52 мафҳил 18 маҳфили инноватсионӣ, 20 маҳфили илмӣ, 8 маҳфили эҷодӣ ва 15 маҳфили варзишӣ амал мекунад, ки ба он беҳтарин устодон ҷалб гардида истодаанд.

Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ дар идомаи чорабинӣ ба як қатор устодони собиқадор, навовару пешсаф дар вазъияти тантанавӣ ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Дар идомаи бо иштироки аҳли санъат ва донишҷӯёни ҳунарманди донишкада шеъру суруд ва рақсҳои дилангез пешкаши аҳли толор карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд