(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона , раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маркази тиҷоратии «Толори зеббахшӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Толори зеббахшӣ» аз як ошёна иборат буда, аз ҷониби бародарон Ҳакимбоевҳо, ки солиёни зиёд бо тиҷорати таҷҳизоти ороишии хона, аз ҷумла пардаҳои истеҳсоли хориҷӣ машғул ҳастанд, бунёд гардидааст.

Дар маркази тиҷоратии мазкур беш аз 2000 намуд пардаҳои истеҳсоли Туркия ва Италия, қандилҳои гуногуннавъи мамолики хориҷӣ, мебелҳои истеҳсоли Туркияю як қатор кишварҳои Аврупо ва маводҳои ниёзҳои ороишоту лавозимоти хонаводагӣ бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон гардонида шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз ҷониби бародарон Ҳакимбоевҳо сехи дўхти пардаҳо таъсис дода шуда, мувофиқ ба завқ ва талаботи замони муосир он дўхта ва ба фурўш гузошта мешавад.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисони маркази тиҷоратии “Толори зеббахшӣ” барои чунин иқдоми назаррас изҳори миннатдорӣ намуда, дастур доданд, ки бо истифода аз имконот ва имтиёзоти Давлату Ҳукумат барои тавсеъаи коргоҳи худ азм намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд