(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хучанд аз кӯчаи ба номи Р. Ҳоҷиев дидан намуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамроҳии муовинони худ Иброҳим Иброҳимов, Маҳмадӣ Давлатов ва роҳбарони якчанд сохтору идораҳои дахлдори ободонӣ, манзилию коммуналӣ, таъминоти об аз вазъи ободонӣ гулкорӣ ва чароғонкунии маҳаллаи «Суғдиён» (собиқ маҳаллаи 19 ва 18-ум) дидан намуд. Дар кӯчаи ба номи Рифъат Ҳоҷиев якчанд марказҳои савдо хизматрасонӣ ва дилхушкунӣ ҷойгиранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба идораҳои дахлдор бобати беҳтар намудани вазъи кӯча,хусусан тозагию ободонӣ дастур дода,таъкид намуд,ки кормандони идораи хоҷагию коммуналӣ бояд ҳамарӯза бо сокинони маҳалла бобати тозаю обод нигоҳ доштани кӯчаю маҳалла ҳамкорӣ намуда, тариқи ҳашар тоза намудани маҳаллаҳои худро ба сокинон маҳаллаи мазкур тарғиб намоянд. Ҳамзамон роҳбарони марказҳои савдо ва муассисаҳои хизматрасонӣ вазифадор гардиданд,ки дар мӯҳлати 10 рӯз гузаргоҳ ва мавзеҳои вобасташудаи худро гулкорӣ намуда, роҳравҳоро сафолакпӯш намоянд.
Ҳолати дарахтон ва буттаҳои қади кӯчаи номбурда низ барои ба тартиб даровардан зарурат дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода доири таҳияи нақшаи корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ супориш дода, онҳоро ба масъулиятшиносӣ ва саҳм гузоштан дар ободонии шаҳри Хуҷанд даъват намуд.