(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altХонандагон ва омўзгорони МТМУ №20 –и шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомат ва самимият чорабинии фарҳангӣ, адабӣ ва тарбиявро бахшида ба Рўзи модар таҳти унвони «Дилу ҷонам фидои номи модар» ташкил ва баргузор намуданд.

Нахуст бо мақсади тарғиби ҳунару таъмоҳои миллӣ, талқини анъанаҳои аҷдодӣ ва оини хештандорӣ байни муҳассилини синфҳои болоӣ озмуни мактабии «Оши палав» сурат гирифт.

Талабагон бо шавқу ҳиссиёти тозаву рангин ва санъати хос ва маҳорати баланд истеъдоди хешро дар ошпазӣ озмуданд. Маълум гардид, ки дар ин ҷода ҳунару истеъдод ва таҷрибаи хонаводагӣ пайдо намудаанд ва бо маҳорати баланд анвои гуногуни оши палавро омода намуданд, ки писанди ҳозирин ва баҳои баланди ҳайати ҳакамот гардиданд.

Сипас, дар толори муассиса чорабинии фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони ба Рўзи модар таҳти унвони «Дилу ҷонам фидои номи модар» сурат гирифт. Дар маҳфил шеъру суруд, гуфторҳо ва саҳнаҳои ҷолиб дар бораи нақшу мақоми модарон ва иззату эҳтироми онҳо пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад. Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад. Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад. Аз ин лиҳоз, аксари мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла адибони мо хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд.

Зикр гардид, ки бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд