(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ ва мусоидати Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо ҷалби сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, шаҳрвандони касбу кори гуногуни шаҳр бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳони ҳифзи муҳити зист ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аксияи густурдаи тозакорӣ дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин маъракаи ободонӣ тамоми кормандони сохторҳои Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ, корхонаҳои истифодабарии манзили соҳилҳои чапу рост, қитъаи ободонӣ, хизматрасонии нақлиёти санитарӣ, идораи роҳсозӣ манзили рост, идораи роҳ, партовкашонӣ, қитъаи ободонӣ, ҷавонони ихтиёрӣ ва ғайраҳо дар маҷмуъ беш аз 1000 нафар шаҳрвандон ҷалб гардида, дар тозагии маҳал, соҳили дарё, роҳ, ҷӯйбор ва хонаву ҳавлиҳои хеш саҳмгузорӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо фаъолнокии сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баҳри пешгирии бемориии оламгири коронавируси нави COVID-19 ба ҳар як иштирокчиёни ин ҳашари дастҷамъона ва шаҳрвандони роҳгузар маводҳои антисептикӣ, дастпӯшакҳои резинӣ, ниқобу варақаи иттилоотӣ тақдим карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд